Ироқчӣ: Фурсати таърихӣ дар ихтиёр дорем
Ахбори байналмилал
Ироқчӣ: “Акнун як фурсати таърихӣ дар ихтиёр дорем, то ба тавофуқе бесобиқа даст ёбем”
Сайидаббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар сафҳаи Х навишт:
“Эрон бар мабнои тафоҳумҳое, ки дар даври пешин шакл гирифт, бо азме росих барои дастёбӣ ба як тавофуқи одилона ва мунсифона дар кӯтоҳтарин замони мумкин, гуфтугӯҳо бо Иёлоти Муттаҳидаро дар Женев аз сар хоҳад гирифт.”
Вай баён кард: “Мавозеъ ва боварҳои бунёдини мо комилан равшан аст: Эрон таҳти ҳеч шароите ҳаргиз ба дунболи тавсиаи силоҳи ҳастаӣ нахоҳад буд; дар айни ҳол мо эрониён ҳаргиз аз ҳаққи худ барои баҳрамандӣ аз манофеъи фанноварии ҳастаии сулҳомез барои мардумамон чашмпӯшӣ нахоҳем кард.”
Ӯ идома дод: “Акнун як фурсати таърихӣ дар ихтиёр дорем, то ба тавофуқе бесобиқа даст ёбем, ки нигарониҳои мутақобилро бартараф сохта ва манофеъи муштаракро таъмин кунад. Дастёбӣ ба тавофуқ дар дастрас аст, аммо танҳо дар сурате, ки ба диплумосӣ авлавият дода шавад ва мо собит кардаем, ки барои посдорӣ аз ҳокимияти худ, шуҷоъона аз ҳеч талоше фурӯгузор нахоҳем кард. Ҳамон шуҷоатро низ ба мизи музокира меоварем, ҷойе, ки барои дастёбӣ ба ҳаллу фасли мусолиматомези ҳар гуна ихтилоф, талош хоҳем кард.”
Қаламонлайн
qalamonline.net













