Ироқчӣ: Эҳтимоли ҷанг аз сӯи режими ҷангталаб мавриди интизор аст
Ахбори байналмилал
Ироқчӣ дар гуфтугӯ бо Алҷазира: Эҳтимоли ҷанг аз сӯйи режими ҷангталаб мавриди интизор аст
Мо ҳатто аз қабл аз ҷанги 12-рӯза омодатар ҳастем, ҳам ба лиҳози имконот, ҳам ба лиҳози иттилоот ва ҳам ба лиҳози ангеза ва руҳия
Мавзеи музокира фақат ҳастаӣ аст; мо дар мавриди тавони мушакии худамон бо ҳеч кас музокира намекунем
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо расонаи қатарии Алҷазира, ба суолҳое дар бораи ҷанги 12-рӯза, таҳаввулоти муртабит бо сиёсати хориҷии Эрон ва ҳамчунин масоили минтақаӣ посух дод.
Ироқчӣ нисбат ба эҳтимоли танишофаринии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳушдор дод ва таъкид кард, ки Эрон барои ҳар гуна вазъияти эҳтимолӣ омодагии комил дорад.
Дар посух ба пурсиши муҷрии Алҷазира мабнӣ бар нигарониҳо аз бозгашти ҷанг ва таҳлилҳое, ки эҳтимоли вуқӯъи муҷаддади онро матраҳ мекунанд, Ироқчӣ гуфт: “Хеле равшан аст, ки мо барои ҳар вазъияте омодагӣ дорем. Эҳтимоли ҷанг аз сӯйи режими ҷангталаб, ки ҷангҳои мутаъаддид дар минтақаи мо эҷод карда ва охирин мавриди он ҳамла ба кишвари дӯст ва бародари мо Қатар буд, мавриди интизор ҳаст ва касе наметавонад онро инкор кунад. Вале мо комилан барои ҳар вазъияте омодагӣ дорем.”
Вай бо ишора ба таҷрибаи ҷанги 12-рӯза, афзуд: “Ман ба ҷуръат ва бо иттилоъ метавонам бигӯям, ки мо ҳатто аз қабл аз ҷанги 12-рӯза омодатар ҳастем. Ҳам ба лиҳози имконот, ҳам ба лиҳози иттилоот ва ҳам ба лиҳози ангеза ва руҳия. Агар онҳо таҷрибаи шикастхӯрдаи ҷанги 12-рӯзаро такрор намоянд, ҳамон натиҷаро хоҳанд гирифт.”
Ироқчӣ таъкид кард: “Як таҷрибаи шикастхӯрда натиҷае ҷуз шикасти муҷаддад надорад. Режими Исроил дар ҷанги 12-рӯза ба ҳеч як аз аҳдофи худ нарасид ва агар боз ҳам он таҷрибаи шикастхӯрдаро такрор кунанд, бо ҳамон натоиҷ мувоҷеҳ хоҳанд шуд, музоф бар ин ки мо ин бор омодатар ҳастем. Ба хусус, ки нуқоти заъфи худ ва нуқоти заъфи душманро дар ҷанги 12-рӯза ба хубӣ шиносоӣ кардаем ва акнун бо қудрати бештаре метавонем амал кунем.”
Ироқчӣ дар посух ба пурсиши муҷрӣ дар бораи нуқоти заъфи мавриди ишора, гуфт: “Бархе аз ин маворид ба токтикҳои ҷангӣ марбут аст. Вале барои мо равшан шуд, ки системаи падофанди ҳавоии исроилӣ комилани қобили русух ҳаст ва агарчӣ тавассути кишварҳои дигаре ҳам ба онҳо кӯмак шуд ва лояҳои мутаъаддиде вуҷуд дошт, вале мушакҳои мо тавонистанд ба ин система русух кунанд.”
Вай афзуд: “Мо ба лиҳози фаннӣ акнун таҷрибиёти беҳтаре дорем. Барои аввалин бор мушакҳои мо дар як ҷанги воқеӣ озмоиш шуданд ва имтиҳони худро пас доданд ва акнун ба хубӣ огоҳӣ дорем, ки чӣ гуна онҳоро дақиқтар ва бо қудрати бештар шиллик кунем.”
Ироқчӣ ҳамчунин ба иддаоҳои режими саҳюнистӣ дар бора истифода аз фазои Эрон ишора кард ва гуфт: “Гоҳе режими Исроил муддаӣ мешавад, ки дар тӯли ҷанги 12-рӯза фазои Эрон дар ихтиёри ҳавопаймоҳои исроилӣ будааст. Вале қисмати дуввуми достонро баён намекунанд, ки фазои исроилӣ ҳам дар ихтиёри мушакҳои Эрон буд ва онҳо натавонистанд дифоъи муассиреро анҷом диҳанд. Мо акнун ба маротиб бо таҷрибатар ҳастем ва дар омодагии беҳтаре қарор дорем. Бинобар ин агар онҳо он таҷрибаро такрор кунанд, ҳатман бо натоиҷи бадтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд.”
Дар посух ба пурсиши дигаре дар бораи таҳаввул дар теъдод ва кайфияти мушакҳои Эрон, вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: “Таҳаввул аз ҳама ҷиҳот сурат гирифтааст.”
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи гуфтугӯи худ бо шабакаи Алҷазира, зимни таъкид бар тарҷеҳи диплумосӣ бар ҷанг, аз омодагии ҳамаҷонибаи Эрон барои муқобила бо таҳдидоти режими Исроил сухан гуфт ва таҳаввулоти минтақаии пас аз ҷанги 12-рӯзаро ташреҳ кард.
Дар посух ба пурсиши муҷрӣ дар бораи эҳтимоли табдили ҷанги оянда ба як даргирии густардаи минтақаӣ, Ироқчӣ изҳор дошт: “Ҳар ҷанге шакли худашро дорад. Ман албатта ба унвони як диплумот дӯст дорам аз диплумосӣ сӯҳбат кунам, на аз ҷанг. Омодагии мо барои ҷанг дар ҳақиқат беҳтарин омил барои ҷилавгирӣ аз ҷанг аст. Агар шумо барои ҷанг омода бошед, ҳатман ҷангро аз худатон дур хоҳед кард ва ман аз омодагии Эрон сӯҳбат мекунам ба ин далел, ки набояд ҷанге рух диҳад, чун паёмадҳои он метавонад барои ҳама дар минтақа сангин бошад.”
Вай бо ишора ба талошҳои Эрон барои контроли ҷанбаҳои минтақаии ҷанги пешин афзуд: “Мо дар навбати қабл хеле талош кардем, ки абъоди минтақаии ҷангро контрол кунем. Агарчӣ режими Исроил талош кард, ки ҷангро ба халиҷ Форс бикашанд, он ҳам бо ҳамлае, ки ба таъсисоти нафтӣ ва петрошимии мо дар халиҷи Форс анҷом дод. Бо ин ҳол мо тамоми талоши худро кардем, ки абъоди ҷангро кантрол кунем ва фикр мекунам, муваффақ ҳам шудем. Албатта ки дар оянда маълум нест чӣ гуна хоҳад шуд.”
Ироқчӣ таъкид кард: “Мо ҳеч алоқае ба ҷанг ва густариши ҷанг надорем. Вале бо як режими ҷангталаб мувоҷеҳ ҳастем; режиме, ки омодагӣ дорад ҷангро ба ҳамаи нуқоти минтақа бикашанд. Фикр мекунам, таҷрибаи Қатар таҷрибаи бисёр муҳимме буд, ки ҳамаи минтақа онро мушоҳида кард. Таҷрибаи Сурия, Лубнон ва Яман ҳам вуҷуд дорад ва таҳдидоте, ки режими саҳюнистӣ алайҳи бақияи кишварҳои минтақа доштааст. Ин режим ҳарф аз “Исроили бузург” мезанад, ки маънои он чашм доштан ба хоки бисёре аз кишварҳои минтақа аст.”
Вай афзуд: “Бинобар ин мо бо як режими ҷангталаб ва истилоталаб бар минтақа мувоҷеҳ ҳастем ва барои муқобила бо он бояд ҳамаҷура омода бошем. Ин омодагӣ, ҳам шомили омодагии низомӣ ҳаст ва ҳам шомили омодагиҳои диплумотик.”
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сиёсати минтақаии Эрон дар соли гузашта гуфт: “Мо дар тӯли як соли гузашта сиёсати ҳусни ҳамсоягиро интихоб кардем ва равобити худро бавижа дар минтақаи халиҷи Форс ба суръат ва бо шиддати зиёд густариш додем. Баъд аз ҷанги 12-рӯза ҳам дар тӯли чанд моҳи гузашта ба ҳамин тартиб амал кардем. Мо алъон фаҳми бисёр беҳтареро дар минтақа нисбат ба ҳамсоягони худ ва кишварҳои минтақа дорем ва як дарки комилан муштарак дар ин замина вуҷуд дорад.”
Ироқчӣ бо ишора ба тағйири идроки минтақаӣ нисбат ба таҳдидоти воқеӣ изҳор дошт: “Як таҳаввули бисёр бузург рух дода мабнӣ бар ин ки кулли минтақа алъон фаҳмидааст, ки душмани воқеӣ акнун чӣ касе мебошад ва ҳамаи таблиғоте, ки собиқ бар ин анҷом мешуд, то Эронро ба унвони таҳдид ё ба унвони душман муаррифӣ кунад, акнун ранг бохтааст. Ман гоҳан ба дӯстони худам мегӯям, ки оқои Натонёҳу як ҷинояткори ҷангӣ аст, ки аз анҷоми ҳеч ҷинояте фурӯгузор накарда, вале як кори мусбат ҳам анҷом додааст, ки ба ҳамаи минтақа собит кард, душмани аслӣ Исроил аст ва на Эрон ё ҳеч кишвари дигаре дар минтақа. Акнун ин идрок ба хубӣ дар минтақа вуҷуд дорад.”
Вазири хориҷаи Эрон дар посух ба пурсиши муҷрии Алҷазира дар бораи паёме, ки аз тариқи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мабнӣ бар адами тамоюли режими саҳюнистӣ барои оғози ҷанги ҷадид алайҳи Эрон дарёфтшуда, изҳор дошт: “Мо ба ҳеч ваҷҳ ба ҳеч як аз гуфтаҳои мақомоти режими Исроил итминон намекунем ва ҳамеша эҳтимоли фиребкориро медиҳем. Дӯстони мо дар Русия ин паёмро ба мо мунтақил карданд ва албатта худи онҳо ҳам нисбат ба сиҳҳати каломи Натонёҳу тардид доштанд.”
Вай дар идома таъкид кард: “Бинобар ин мо ин паёмро шунидаем, вале омодагиҳои мо ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст ва ҳатто иртиқо ҳам пайдо кардааст.”
Ироқчӣ дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба ва дар посух ба пурсиши муҷрии Алҷазира дар бораи ғофилгиркунанда будани ҷанги гузашта дар миёнаи музокирот бо Омрико, гуфт: “Мутаасифона ҳамон тавр, ки шумо гуфтед, адами итминон нисбат ба Омрико, як масаълаи бисёр ҷиддӣ ва муҳим аст. Нисбат ба режими Исроил, ки ҳеч гоҳ мо итминон надоштем ва нахоҳем дошт. Вале дар мавриди Омрико мутаасифона таҷрибиёти бисёр манфӣ ва бадеро пайдо кардем.”
Вай бо ишора ба собиқаи тавофуқоти пешин афзуд: “Мо як бор дар соли 2015 ба тавофуқи Барҷом бо кишварҳои 5+1 расидем ва Эрон ба сурати комил таъаҳҳудоти худро иҷро кард, вале Омрико бидуни ҳеч далеле хориҷ шуд. Дар замони давлати шаҳид Раисӣ як тавофуқи дигар бо Омрико анҷом шуд, ки пулҳои Эрон дар Куреи ҷанубӣ дар муқобили зиндониёни омрикоӣ озод шаванд. Мо ба таъаҳҳуди худамон амал кардем, вале Омрико ба таъаҳҳуди худ амал накард. Пулҳо танҳо аз Куре ба Қатар мунтақил шуд ва дубора масдуд гардид.”
Ироқчӣ дар идома ба музокироти ахир бо Омрико ишора кард ва гуфт: “Дар соли ҷорӣ низ ҳамон тавр, ки шумо гуфтед, мо вориди музокира бо Омрико шудем, 5 давр музокира кардем ва барои даври 6-ум таърихи 15 июнро танзим карда будем, ки ду рӯз қабл аз ин таърих, Исроил ба мо ҳамла кард ва мо итминон дорем, ин ҳамла бо чароғи сабзи Омрико анҷом шуд. Ҳамон тавр, ки Тромп баъдан эътироф кард, мо дар ин қазия нақш доштаем ва баъд, аз мардуми Теҳрон дархост кард, шаҳрро тахлия кунанд ва таслими беқайду шартро матраҳ кард. Баъд ҳам Омрико мулҳақ шуд ва ҳавопаймоҳои омрикоӣ таъсисоти сулҳомези ҳастаии моро бомбборон карданд. Ин натиҷаи музокираи мо бо Омрико буда, ки то алъон анҷом додем.”
qalamonline.net
Қаламонлайн













