Андарзе аз Имом Ҳусейн(р)

Андарзе аз Имом Ҳусейн(р)
Марде хидмати Имом Ҳусайн (а) расид ва арз кард: гунаҳкорам ва аз анҷоми гуноҳ ва маъсият ҳам наметавонам парҳез кунам, маро панд ва андарз бидеҳ.
Имом Ҳусайн (а) фармуд:
“Панҷ кор ҳаст, ки агар тавонистӣ анҷомашон бидиҳӣ, ҳар чӣ дилат мехоҳад, гуноҳ кун:
Аввал: агар тавонистӣ, аз рӯзии Худо махӯр, он гоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ, гуноҳ кун.
Дуввум: агар тавонистӣ, аз вилоят ва ҳукумати Худо хориҷ шав, он вақт ҳар чӣ дилат хост, гуноҳ кун.
Севвум: агар тавонистӣ, ҷойеро пайдо бикун, ки Худо туро набинад, он замон ҳар чӣ хостӣ, гуноҳ кун.
Чаҳорум: вақте Азроил барои қабзи руҳат омад, агар ин тавонро дошта бошӣ, ки ӯро аз худ дур биронӣ, пас ҳар чӣ дилат бихоҳад, гуноҳ кун.
Панҷум: вақте маъмури ҷаҳаннам бихоҳад туро дар оташ биандозад, агар битавонӣ даруни он маравӣ, пас ишколе надорад, ҳар чӣ бихоҳӣ, гуноҳ кун.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фармондеҳи эронӣ: Исроил рӯ ба поён аст
Дабири кулли СММ: “Маҳрум кардани Ғазза аз маводди ғизоӣ ғайриқобили қабул аст!”

Матолиби пурбоздид