Исрори Амрико бар ирсоли таслиҳоти ҷангӣ ба Украина

Исрори Амрико бар ирсоли таслиҳоти ҷангӣ ба Украина

Ахбори байналмилал

Исрори Амрико бар ирсоли таслиҳоти ҷангӣ ба Украина, ба баҳонаи хотима бахшидан ба ҷанги Украина

Генерал Чарлз Браун Ҷуниор (Charles Brown Jr), раиси Ситоди муштараки артиши Амрико бо баёни ин ки ҷангҳо ҳамеша бо як тавофуқи дипломатӣ ба поён мерасанд, таъкид кард:

Ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ барои даргирии Украина вуҷуд надорад.

Браун дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҷанг дар Украина бо бозпасгирии ҳамаи он чӣ ки Украина мехоҳад аз Русия пас бигирад, ба поён хоҳад расид, гуфт:

Ҳеҷ даргирии низомӣ ба таври комил бо абзори низомӣ ҳаллу фасл нахоҳад шуд, балки дар ниҳоят як роҳи ҳалли дипломатӣ ба поёни даргирӣ хотима хоҳад бахшид.

Вай бо баёни ин ки ман наметавонам ояндаро пешбинӣ кунам, афзуд:

Аммо фикр мекунам Вашингтон метавонад бо идомаи ҳимоят аз Украина ва ирсоли таслеҳот ва муҳиммоти мавриди ниёзи Киев, дар поёнбахшии ин ҷанг нақш дошта боршад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Guardian: Ҳоливуд ҳунармандони ҳомии Фаластинро муҷозот мекунад
Баргузории нишасти муовинони вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Матолиби пурбоздид