Иттиҳод ва ваҳдат – фарзи илоҳӣ
Ваҳдат дар баёни Шайх Муҳаммад Абдуҳ
Шайх Муҳаммад Абдуҳ, муслеҳ ва андешманди мисрӣ, монанди Сайидҷамол ба ваҳдати дунёи ислом меандешид ва бо таассуботи фирқаӣ робитае надошт, ҳамсозгории ӯ бо пайравони мазоҳиби дигар бахусус дӯстони шиа ва эронии Сайидҷамолуддин беҳтарин нишонаи эътиқоди ӯ ба ҳамгароӣ ва иттиҳоди мазҳабӣ аст.
Ҳамчунин шарҳи Наҳҷулбалоғаи ӯ қадами муассире дар ҷиҳати ваҳдат ва тақриби байни мазоҳиби исломӣ буд.
Абдуҳ бо тарҳи асли талфиқ ва фиқҳи муқоран аз мазоҳиби исломӣ ва ҳатто фаротар аз онҳо бо иҷтиҳоди озоди худ гароишоти тақрибии худро буруз дод.
Шайх дар бораи ҷамъияти Дор-ут-тақриб, ки баъдҳо ташкил шуд, низ қадамҳои муассире бардошт.
Муҳаммад Абдуҳ мегӯяд:
“Иттиҳод, меваи дарахтест, ки танаҳо, шохаҳо ва баргҳои мухталифе дорад ва решаи он ҳамон ахлоқи фозила аст ва бар мусалмонон фарз аст, ки худро ба тарбияти ҳақиқии исломӣ биёроянд то аз самари он истифода кунанд”.
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн