Иқтисоди хонавода – иқтисоди зиндагӣ

Муҳоҷират

Иқтисоди хонавода – иқтисоди зиндагӣ

Гоҳе пеш меояд, ки дар рӯзҳои поёнии моҳ бо камбуди будҷа рӯбарӯ мешавем.

Ин камбуди будҷа сутуҳи мухталифе дорад, гоҳе маҷбуред аз синамо рафтани охири ҳафта чашмпӯшӣ кунед ва гоҳе ҳатто кирояи токсӣ ҳам дар ихтиёр надоред.

Аммо баъзеҳо розҳое доранд, ки ба онҳо кӯмак мекунад, охири моҳ сарбаланд ва бидуни каму каср ба анҷоми корҳояшон бипардозанд ва ҳар рӯз аввали вақт намепурсанд моҳонаҳо кай ба дастамон мерасад. Дар идома ба бархе аз ин розҳо ишора мекунем:

1 – Мудир

Барои контроли иқтисоди хонавода ва ин ки барномарезии дурусте дошта бошем, як мудир лозим аст. Иштибоҳ накунед, ин мансаб чандон ҳам мисли дигар мансабҳо пушти мизнишинию дастур додан надорад.

Мудири хонавода он касест, ки бисёр заҳмат мекашад ва ҳамеша бояд посухгӯ бошад, ҳамеша мудири хона аст, ки бояд ҷавобгӯ бошад.

Вуҷуби мудири хона лозим аст то барномарезӣ ва бар иҷрои он назорат кунад.

2 – Беҳбуди маош бо харҷи дуруст

Афзоиши даромад ба маънои беҳбуди маош нест, балки манзур аз беҳбуди маош истифодаи ҳадди аксарӣ ва беҳина ва дуруст аз манобеъ аст.

Ҳар хонаводае бояд бо даромаде, ки ҳар моҳ ба даст меоварад, бисозад. Яъне ҳамон кореро кунад, ки ҳамаи мардум анҷом медиҳанд.

Хонаводаҳо маъмулан роҳҳои даромади мухашшасе доранд ва роҳҳои иловагии дигаре ҷиҳати касби даромад надоранд, ки монанди давлат як будҷаи иловагие дошта бошанд ва мушкилотро дар вақташ ҳаллу фасл намоянд. Пас ҳар хонаводае бояд барномаҳои худро дар чорчӯби даромаде танзим кунанд, ки ба даст меоваранд. Яъне пояшонро аз гилеми худашон дарозтар накунанд.

3 – Иқтисоди хонавода – иқтисоди зиндагӣ

Мошинӣ ба баҳсҳои молӣ нигоҳ накунед, аз усули иқтисодӣ бояд дар зиндагӣ истифода намуд, аммо бояд руҳи зиндагӣ дар он ҷорӣ бошад. Пас барномаҳоро бояд тавре танзим кунед, ки қобили тағйир бошад ва дар сурати бурузи масоили ҷадид, ё харҷҳои ғайримунтазира барномаи ҷойгузин дошта бошед.

4 – Хароҷот аз даромад пешӣ нагирад

Хароҷотамон аз даромадамон бештар нагардад, ба унвони мисол, давлат бо кам кардани теъдоди барномаҳо ё тӯлонитар намудани муддати иҷрои онҳо, хароҷоташро мутаодил мекунад. Ҳадаф ҳамин аст, ки хароҷот аз даромад бештар нагардад.

5 – Ба қатароти об ризоят надиҳед

Инак як маоши моҳиёнаи мушаххасе доред, ин хеле хуб аст ва неъмати бузургест, аммо ризоят додан ба он мисли ин мемонад, ки Шумо ба ҷои ҷӯи об, ба қатароти об ризоят дода бошед, ки чандон ҳам хуб нест.

Нигоҳ кунед, чӣ қадар аз вақти рӯзонаатонро сарфи умури беҳуда мекунед. Тамошои барномаҳои нодаркории телевизион ва… Аз фурсатҳо истифода кунед ва то метавонед барои касби даромад, роҳҳои ҷадиде биёбед.

Одамҳои зиёдеро мешиносем, ки дар миёнсолӣ ва пиронсолӣ худро ба хотири кӯтоҳии худ дар айёми ҷавонӣ, сарзаниш мекунанд, аммо чӣ суд?

6 – Пасандоз кунед

Дар ҳар хонаводае бояд пасандоз вуҷуд дошта бошад. Бидуни пасандоз, ҳеч хонаводае нахоҳад тавонист ба комёбӣ бирасад. Пасандоз таъдилкунандаи хароҷот ва ҳазинаҳо, тазминкунандаи оянда ва нуқтаи иттикои хонавода аст.

7 – Руҳияи ҳамкорӣ байни аъзои хонавода

Таомули муносиби аъзои хонавода ва ҳамчунин авлавиятбандии ниёзҳои иқтисодӣ сабаби тақвият ва саломати иқтисоди хонавода мешавад. Набояд ин тарзи тафаккур байни аъзои хонавода, бахусус фарзандон эҷод шавад, ки танҳо падар ё модар масъули ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ҳастанд.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Адаб аз кӣ омӯхтӣ…
Тарбияте некӯст, ки бо амал ҳамроҳ бошад

Матолиби пурбоздид