Бояд инсоф ба харҷ дод

Таҳлили хабарӣ

Бояд инсоф ба харҷ дод

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бояд инсоф ба харҷ дод. Дар замони ҷанг ва сахтӣ дар Эрон, ҳеч ҳукумате мисли ҳукумати Тоҷикистон ва ҳеч мардуме монанди мардуми Тоҷикистон (дар дохили кишвар албатта, на беруни он), бо Эрон ва миллаташ ҳамдардӣ ва ҳамкорӣ накарданд.

Аз аввали ҷанг то кунун, ҳукумати Тоҷикистон тамоми имконоти худро ба кор гирифт ва дар канори мардум ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон истод. Ман дар дохили Эрон ҳастам ва инро мебинам. Бахусус хидматҳое, ки сафири Тоҷикистон дар Ҷ.И.Эрон, Низомуддин Зоҳидӣ анҷом дода ва медиҳад, бешак дар корномаи ин мард сабт хоҳад шуд. Инро бояд марду мардона гуфт.

Бар хилофи мухолифони тоҷик – ки пештар ман худам ҷузъи Паймони Миллӣ будам ва алъон нестам – бахусус ҲНИТ, ки ҳатто ҳозир нашуданд, ба сухан ва забон ҳамдардӣ кунанд, балки баръакс чанд нафар аз аъзои ҲНИТ ҳамин алъон шабонарӯзӣ корашон “ҷанги нарм” бо Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст, ба баҳонаи ин ки инон масалан шиа ҳастанд ва шиа ин асту он асту саҳобаситез асту аз ин ҳарфҳо.

Бояд одам, ҳар ки ҳаст, мухолиф ё мувофиқ, инсоф дошта бошад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте тоҷик мавриди суистифодаи амсоли Эрудғон қарор мегирад…

Матолиби пурбоздид