Кабирӣ: Русия ба муҳоҷирон фишор наоварад!

Кабирӣ ба Кремл: Ба муҳоҷирон фишор наоваред!

Ахбори минтақа

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар твитте, хитоб ба мақомоти Кремл гуфт, беҳуда ба муҳоҷирони тоҷик фишор наоранд, чун дигар ин фишанг коромадӣ надорад.

«Беҳуда Кремл бар муҳоҷирони тоҷик фишор меорад, то онҳоро ба ҳайси фишанги фишор ба Раҳмон истифода кунад. Қаблан Кремл метавонист бо ин роҳ ба Раҳмон фишор оварад. Аммо ҳоло Раҳмон бародари бузурги дигар гирифтааст ва муҳоҷирон барои ӯ ҳеҷ аҳамияте надоранд. Кремл бояд инро дарк кунад ва таҳқири инсонҳоро бас намояд», — изҳор доштааст ӯ дар саҳифаи твиттерии худ.

Гуфтанист, ҳудуди як моҳ аст, мақомоти Русия саркӯбу таъқиби густарда ва саросарии муҳоҷирони тоҷикро шурӯъ кардаанд. Баъди се ҳафтаи таъқибҳо вазирони хориҷа ва дохилии Русия ба Тоҷикистон сафар карданд, аммо зоҳиран Раҳмон пешниҳоди онҳоро рад кардааст, ки фишорҳо қатъ нагаштанд.

Сергей Лавров дар ду баромадаш — назди сарбозони пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ Тоҷикистон шомили Иттиҳоди иқтисодии Авросиё хоҳад шуд. Аммо дертар сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ изҳор дошт, на дар мулоқоти Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин ва на бо Эмомалӣ Раҳмон ин масъала дар листи музокирот қарор надошт ва “мавзӯи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС дар барномаи рӯз қарор надорад”.

payom.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир
Маскав: Ҳамкорӣ бо НАТО ҳеч фоидае надорад

Матолиби пурбоздид