Кадом рухдодро дар Сурия нодида гирифтем?
“Дигар наметавон ҷанбаи сирфан маънавии динро аз сиёсӣ шудани он мутамойиз кард. Таҳаввулоти ахир дар Сурия, ки зоҳиран намоёнкунандаи пирӯзиҳои бунёдгароии динӣ аст, бозгашти дин ба сиёсат нест, балки сирфан бозгашти амри сиёсӣ аст…”
Навиштае аз Славой Жижек, файласуф ва андешманди маъруфи муосир
Суқути Башшор Асад дар Сурия ҳатто мухолифонаш ба раҳбарии Абӯмуҳаммад Ҷулониро шигифтзада кард ва заминаи муносиберо барои интишори теорияҳои тавтиа фароҳам кард: Исроил, Туркия, Русия ва Иёлоти Муттаҳида чӣ нақше дар ин тағйири ногаҳонӣ ифо карданд? Оё Русия аз дахолат ба нафъи Асад сирфан ба ин далел, ки наметавонад аз ӯҳдаи амалиёти низомии дигаре хориҷ аз Укройн барояд, худдорӣ кард ё ин ки тавофуқе пушти парда вуҷуд дошт? Оё Иёлоти Муттаҳида бо нодида гирифтани дарсҳои ҳимоят аз муҷоҳидин дар Афғонистон дар даҳаи 1980, дубора дар доми ҳимоят аз исломгароён алайҳи Русия афтод? Исроил чӣ кард?
Мутмаиннан Исроил аз инҳирофи таваҷҷӯҳи ҷаҳон аз Ғазза ва каронаи Бохтарӣ суд мебарад ва ҳатто дар ҳоли тасарруфи сарзаминҳои ҷадиде дар ҷануби Сурия аст.
Монанди аксари таҳлилгарон, ман ҳам посухи ин суолҳоро намедонам, ба ҳамин далел, тарҷеҳ медиҳам рӯйи тасвири бузургтар тамаркуз кунам. Режими Асад ба соддагӣ монанди хонае вайрона фурӯ рехт ва пирӯзӣ насиби тарафе шуд, ки ҳозир буд барои ҳадафаш биҷангад ва бимирад.
Ин воқеият, ки режими Асад дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди танаффур буд, ба таври комил он чиро, ки иттифоқ афтод, тавзеҳ намедиҳад.
Чаро муқовамати секулорҳо (-и Сурия) дар баробари Асад нопадид шуд ва танҳо бунёдгароёни мусалмон боқӣ монданд, ки ин рӯзро ғанимат дар ихтиёр дошта бошанд?
Метавон ҳамин суолро дар мавриди Афғонистон низ ба кор бурд. Чаро ҳазорон нафар ҳозир буданд ҷони худро барои фирор аз Кобул ба хатар биандозанд, аммо барои ҷанг бо Толибон на?
Маҷмӯае аз ҳақоиқи мушобеҳ, Мишел Фукоро дар боздид аз Эрон (ду бор) дар соли 1979 маҷзуби худ кард. Ӯ бо дидани исор ва фидокории инқилобиҳои Эрон шигифтзада шуд.
Патрик Гамез мегӯяд, инқилобиҳои Эрон ба дунболи “дигаргунӣ аз тариқи мубориза” ва ранҷ кашидан ҳастанд ба хилофи дигаргунӣ бо оромиши мудерни ғарбӣ…
Дар ин ҷо бо як парадокси ҷолиб мувоҷеҳ мешавем: дар ҳоле, ки марксизми суннатӣ эҳтимолан наметавонад ривояти қонеъкунандае аз муваффақияти Толибон ироа кунад, аммо ба равшан шудани он чи Фуко дар Эрон ба дунболи он буд ва он чи бояд моро дар Сурия маҷзуб кунад, кӯмак мекунад. Дар замоне, ки пирӯзии сармоядории ҷаҳони секулор мушорикати ҷамъӣ барои дастёбӣ ба зиндагии беҳтарро саркӯб карда буд, Фуко умедвор буд, намунае аз мушорикати ҷамъӣ биёбад, ки бар бунёдгароии мазҳабӣ такя надошта бошад.
Аммо дар ниҳоят чизе наёфт. Беҳтарин тавзеҳ дар мавриди ин ки чаро дин акнун тааҳҳуди (ӯҳдадории) ҷамъӣ ва исорро дар инҳисор дорад, Фуко истидлол мекунад, ки дин ба унвони як нерӯи сиёсӣ, мунъакискунандаи фурӯпошии ҷомеаи пасосиёсӣ аст. Дини бунёдгаро на танҳо сиёсӣ аст, балки худ навъе сиёсат аст. Ин дин барои пайравонаш, дигар фақат як падидаи иҷтимоӣ нест, балки худ бофти ҷомеа аст.
Бинобар ин, дигар наметавон ҷанбаи сирфан маънавии динро аз сиёсӣ шудани он мутамойиз кард. Дар ҷаҳони пасосиёсӣ, дин коноле аст, ки аз тариқи он, эҳсосоти мутазодд бозтавлид мешаванд. Таҳаввулоти ахир (дар Сурия), ки зоҳиран намоёнкунандаи пирӯзиҳои бунёдгароии динӣ аст, бозгашти дин ба сиёсат нест, балки сирфан бозгашти амри сиёсӣ аст.
Пас суол ин аст, ки чӣ иттифоқе барои сиёсати секулорҳо дар Урупо рух додааст? Ноам Хомский мӯътақид аст, ки мо ба поёни ҷомеаи созмонёфта наздик мешавем ва ин, нуқтаи бебозгаште аст, ки баъд аз гузар аз он ҳатто наметавонем иқдомоти ақлониро барои “ҷилавгирӣ аз тахриби фоҷеабори муҳити зист” иттихоз кунем.
Дар ҳоле, ки Хомский бар бетафовутии мо нисбат ба “муҳити зист” тамаркуз мекунад, ман назари ӯро ба адами тамоюли умумии мо ба ширкат дар муборизоти сиёсӣ ба таври куллӣ таъмим медиҳам… Мушкили ғарб ин аст, ки комилан тамоюле ба мубориза барои як ҳадафи муштараки бузург надорад. (Ба хилофи бунёдгароёни мусалмон, ки ҳозиранд дар ин роҳ ҷон диҳанд.)
“Сулҳталабҳо”, ки мехоҳанд ҷанги Русия дар Укройнро бо ҳар шароите ба поён бирасонанд, дар ниҳоят аз зиндагии роҳати худ дифоъ мекунанд ва ҳозиранд Укройнро барои ин ҳадаф қурбонӣ кунанд. Франко Берарди, файласуфи италияӣ дуруст мегӯяд: мо шоҳиди “чандпора шудани ҷаҳони Ғарб” ҳастем.
Project Syndicate
Қаламонлайн