Ғазза ва чеҳрае, ки чи басо аз исломгароён дар зеҳнҳо шакл бигирад

Таҳлили хабарӣ
Ғазза ва чеҳрае, ки чи басо аз исломгароён дар зеҳнҳо шакл бигирад
Ёддошти рӯз
Сайидюнус Истаравшанӣ
Ахбори се чаҳор моҳи ахир баъд аз иттифоқи Ғазза, ки ҳама дар бораи ҷангу даргирӣ ва кушту куштор аст ва гурӯҳҳои фаластинӣ мисли Ҳамос ва Ҷиҳод дар ин муддат пушти сари ҳам видео ва навор аз даргирӣ ва ҷанг мунташир мекунанд ва низ аз сӯйи ҳомиёни Фаластин аз яманиҳо ва лубнониҳо ва ироқиҳо низ видео аз саҳнаҳои ҳамла ва ҳуҷум ба сарзаминҳои ишғолӣ нишон дода мешавад, ин ахбор, ки қаҳрамонҳои он ағлаб исломгароҳо ҳастанд, дар канори ин ки кистии саҳюнистҳоро ошкор месозад ва ин ки онҳо ҷуз одамкушу ҷинояткор набудаанд, дар канори ин, чи басо як тасаввури манфӣ низ аз чеҳраи исломгароён дар зеҳни ҷаҳониён эҷод бикунад.
Барои тавзеҳи ин матлаб, аввал як нуктаро арз кунам: инсон, дар фитрат ва сиришти худ, хоҳони сулҳу оромиш аст ва аз ҷангу хунрезӣ ва кушту куштор мутанаффир. Дар ин воқеият шакке нест. Инсон агар аҳёнан даст ба силоҳ мебарад, аз рӯйи ночорӣ ва изтирор аст, вагарна дар ҳолоти оддӣ, аз ҷангу кушту куштор безор ва гурезон аст. Бар ҳамин асос, мо агар бо инсоне рӯ ба рӯ шавем, ки аслро бар ҷангу кушту куштор гузошта ва дунболи он аст, на сулҳу оромиш, якчунин инсонеро инсони ғайримӯътадил хоҳем донист.
Хуб, ин саҳнаҳо ва манзараҳо, ки ҷаҳониён се-чаҳор моҳ аст бо онҳо мувоҷеҳанд, чи басо ин тасаввурро дар зеҳнҳо эҷод бикунад, ки ойини ислом аслан ойини ҷангу кушту куштор аст ва хулоса, як тасаввури бисёр манфӣ аз ислом ва мусалмонон дар зеҳнҳо ба вуҷуд биёварад. Албатта, барои касе, ки бо ойини ислом ва маорифи он нек ошност, ҳаргиз ва абадан ин тасаввур дар зеҳнаш падид намеояд, аммо барои касе, ки бо ойини ислом ошно нест, баъид нест якчунин тасаввуре дар зеҳнаш эҷод ва он гоҳ ба ин натиҷа бирасад, ки беҳтар аст инҳо маҳву нобуд шаванд яъне қалбан таманнояшон ин бошад, ки кош Исроил ва пуштибонҳояш битавонанд инҳоро аз арса биронанд ва дар дунё сулҳу оромишу осоиш фаро бирасад!
Воқеият ин аст, ки ин гурӯҳҳо ва ҳомиёнашон дар воқеъ аз рӯйи ночорӣ ва изтирор даст ба силоҳ бурдаанд, онҳо ҳаргиз ва абадан ба дунболи ҷангу кушту куштор нестанд, яъне ин саҳнаҳо ва ин ҳолот ҳама ҳамон ҳолоти ночорӣ ва изтирор аст. Ва ба сухани дигар, агар бар фарз мусалмон ва исломгаро ҳам набуданд, боз даст ба силоҳ мебурданд. Ин даргириҳо рабте ба диёнат ва кеши тараф надорад, балки агар одам азиз ва бошараф бошад, вақте касе ба сарзамини ӯ ва номуси ӯ ва муқаддасоти ӯ таҷовуз кунад, агар ӯ инсони сарбаланд ва азиз аст, бояд ва воҷиб аст, ки ишғолгар ва таҷовузкорро сари ҷояш нишонад, сарфи назар аз ин ки чӣ диёнат ва кеш ва ойине дорад. Хуб, агар хору залилу забуну бардахӯй аст, ӯ ҳеч коре намекунад.
Қуръони Карим ин аслро, ки инсон фитратан сулҳхоҳ аст ва агар аҳёнан даст ба силоҳ мебарад, аз рӯйи ночорӣ будааст, бисёр зебо баён кардааст; мефармояд:
كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ وَهُوَ كُرْهٌ لَكُمْ وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
“Ҳукми ҷиҳод бар шумо муқаррар гардид ва ҳол он ки барои шумо ногувор ва нописанд аст, лекин чи басо чизеро нописанд шуморед, аммо дар воқеъ хайру салоҳи шумо дар он бошад. Ва баръакс, чи басо чизеро дӯст доред, вале дар ҳақиқат шарру фасоди шумо дар он бошад. Худо (ба масолеҳи умур) доност ва шумо намедонед.” (Бақара/216)
Яъне Худо мефармояд, ман қабул дорам, ки ҷангу қитол дар назари шумо ногувор аст, зеро инсон чунон офарида шуда, ӯ дар сояи сулҳу ормиш ба камол мерасад, на дар ҷангу кушту куштор, вале вақте душман ба шумо таҷовуз мекунад (сабаби нузули оят ҳамин аст), дар ин сурат беҳтар аст аз худ дифоъ кунед. Ин “ҳукми ҷиҳод бар шумо муқаррар гардид” ба ҳамин маъност.
Асосан, ҷангу даргирӣ ношӣ аз хӯйҳо ва хислатҳои зишт дар инсон аст, ки ислом ин хислатҳоро ба шиддат накӯҳиш карда. Хислатҳое чун кина, ҳасад, душманӣ ва адоват, таҷовузгарӣ ва ғайра. Одами мӯътадил ва нурмол агар мавриди таҷовуз қарор нагирад ва барои дифоъ ночор ба ҷанг нашавад, ҳаргиз иқдом ба ҷанг бо касе нахоҳад кард, зеро қатлу кушту куштор бузургтарин гуноҳ аз назари ислом аст, ки болотар аз он вуҷуд надорад:
مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الْأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا
“Ҳар кас нафсеро бидуни ҳақ ва ё бе он ки фасод ва фитнае дар замин карда, бикушад, мисли он бошад, ки ҳамаи мардумро кушта. Ва ҳар кас нафсеро ҳаёт бахшад (аз марг наҷот диҳад), мисли он аст, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида…” (Моида/32)
Гузашта аз ин, таърих худ некӯтарин гувоҳ бар ин аст, ки бештари ҷангҳо ва даргириҳо дар ҷаҳон аз сӯйи ғайри мусалмонҳо будааст. Дур намеравем, дар қарни пешин, ду ҷанги ҷаҳонӣ иттифоқ афтод, ки ҳар ду байни ғайри мусалмонҳо буд ва милюнҳо бегуноҳ дар ин ҷангҳо кушта шуданд. Фақат дар ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки сабабгораш Олмони нозӣ буд, ҳудуди 50 милюн нафар кушта дошт. Ба хилофи он вақт, ки мусалмонҳо дар раъси қудрат буданд. Вил Дуронт, соҳиби китоби арзишманди “Таърихи тамаддун” он ҷо, ки аз хилофати умавиҳо ва аббосиҳо ва усмониҳо мегӯяд, тасреҳ мекунад, ки беҳтарини замонҳо барои башарият аз назари сулҳу оромиш дар замони хилофати мусалмонҳо дар рӯйи замин буда, ки дар онҳо дар қиёс бо ғайри мусалмонҳо, ҷанг бисёр андак иттифоқ афтода.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маод – Y
Ҳамоиши моҳи феврали соли 1989

Матолиби пурбоздид