Коргардон ва бозигари маъруфи омрикоӣ: “Мумкин аст оташсӯзии Калифорния амдӣ бошад”
Ахбори байналмилал
Мэл Гибсон, бозигар, коргардон ва таҳиякунандаи машҳури омрикоӣ, дар изҳори назаре, давлати маҳаллии Калифорнияро дар оташсӯзии вайронгари ин аёлат, ки то кунун мунҷар ба кушта шудани 16 нафар шуда, дахил донист.
Ба гузориши Daily Mail, Гибсон дар мусоҳиба бо Fox News гуфт: “Медонам, ки онҳо дар ҳоли дасткории манобеи обӣ буданд, захираҳоро ба далоиле холӣ карданд. Ин корро муддатест, ки анҷом медиҳанд.”
Ин бозигари 69-сола бо баёни ин ки “Калифорния мушкилоти зиёде дорад, ки боиси даргирии зеҳн то ҷойе мешавад, ки аз худ бипурсад онҳо чаро ин корҳоро анҷом медиҳанд”, афзуд: “Шояд девонавор бошад, аммо вақте чунин иттифоқе пеш меояд, ин суол эҷод мешавад, ки оё амде дар кор будааст?”
Гибсон тасреҳ кард, ки хонааш дар ҷараёни ин оташсӯзиҳо комилан сӯхта ва чизе аз он боқӣ намондааст.
Вай афзуд, ки “дар ин гуна маворид инсон ба фикр меафтад, ки пушти ин оташсӯзиҳо чӣ ҳадафе метавонад бошад? Оё онҳо мехоҳанд аёлатро холӣ кунанд? Намедонам!”
Гибсон ҳамчунин хотирнишон кард: “Шароити бод муносиб буд, об вуҷуд надошт ва афроде буданд омодаи оташафрӯзӣ. Оё онҳо маъмур буданд ё ба майли худашон амал мекарданд? Намедонам, аммо бархе аз онҳо, ки дастгир шуданд, ба хубӣ муҷаҳҳаз шуда буданд.”
Қаламонлайн