Ризоӣ: Тангаи Ҳурмуз комилан баста аст
Ахбори байналмилал
Муҳсин Ризоӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, иддаои Доналд Трамп дар бораи боз будани тангаи Ҳурмузро рад карда, гуфт, ки ин оброҳ комилан баста ва таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Эрон қарор дорад.
Ба гуфтаи Ризоӣ, пеш аз баста шудани танга ҳар рӯз беш аз 100 киштӣ аз он убур мекарданд ва беш аз 100 миллион тонна мол интиқол меёфт.
Ҳоло ба гуфтаи ӯ, ҳадди аксар 7 то 8 киштии ҳомили колоҳои асосии Эрон аз ин масир мегузаранд.
Ризоӣ ҳамчунин эълом кард, ки Эрон барои минтақаҳои атрофи тангаи Ҳурмуз маҳдудиятҳои нави ҳаракати киштиҳоро ҷорӣ хоҳад кард.
Қаламонлайн













