Кушта шудани низомиёни исроилӣ дар Ғазза

Кушта шудани низомиёни исроилӣ дар Ғазза
Ахбори байналмилал

farsnews

Кушта шудани ҳудуди 60 низомии исроилӣ дар саҳаргоҳи имрӯз дар Ғазза
Шохаи низомии Ҳамос эълом кард, тавониста даҳҳо низомии исроилиро тайи амалиёте дар Ғазза ғофилгир кунад ва ҳудуди 60 нафар аз онҳоро аз по дароварад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), бо интишори баёнияе, аз кушта шудани ҳудуди 60 низомии исроилӣ хабар дод.
Гурдонҳои Қассом эълом кард, размандагони муқовамат, саҳаргоҳи имрӯз (якшанбе, 3 декабр), баъд аз расади маҳалли истиқрори даҳҳо низомии артиши Исроил (60 нафар) дар дохили чанд чодар дар шарқи минтақаи Ҳаҷаруддик дар атрофи ин чодар бомб кор гузоштанд.
Тибқи ин баёния, соати 4:30 бомдод ба вақти маҳаллӣ баъд аз инфиҷори бомбҳо, яке аз низомиёни Қассом барои аз по даровардани низомиёне, ки аз ин амалиёт ҷони солим ба дар бурданд, ба маҳалли инфиҷор рафта ва баъд аз итмоми маъмурият, ба мавзеъи худ бозгаштааст.
Артиши режими саҳюнистӣ – то лаҳзаи интишори ин гузориш – вокунише ба ин баёния нишон надода ва кушта шудани низомиёни худро таъйид накардааст.

farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мардуми Индонезия аз Фаластин ҳимоят карданд
Аз лаҳзаҳои зиндагӣ лаззат бибарем

Матолиби пурбоздид