Зеленский хитоб ба сарони араб: “Аз мардуми Украина, аз ҷумла мусалмонони он, ҳимоят кунед!”

Зеленский хитоб ба сарони араб: “Аз мардуми Украина, аз ҷумла мусалмонони он, ҳимоят кунед!”
Ахбори байналмилал
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, (рӯзи ҷумъа, 19 майи 2023) дар 32-умин нишасти сарони Иттиҳодияи араб, дар Ҷидда ширкат намуд ва эълом кард, ки ба ҷанг барои ҳимоят аз кишварамон идома медиҳем ва аз ҳамаи сарони кишварҳои арабӣ хост, аз мардуми Украина аз ҷумла мусалмонони он кишвар ҳимоят кунанд.
Раиси ҷумҳури Украина бо баёни ин ки ҳаргиз таслими ҳеч ишғолгари хориҷӣ нахоҳанд шуд, афзуд: “Аз Арабистони Саудӣ ба хотири ифои нақши миёнҷигарӣ барои озодии асирони украинӣ дар ҷанг ташаккур мекунам ва ба барои бозпасгирии хоки худ ба ҷанг идома хоҳем дод”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳи оҳани Рашт-Осторо эҳдос мешавад
Рушанак: Тоҷикистон барои Эрон ба унвони як ҳавзаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад

Матолиби пурбоздид