Лагад ба афтода

Таърих

Лагад ба афтода

Абдулмалик ибни Марвон, баъд аз 21 сол ҳукумати истибдодӣ, дар соли 86 ҳиҷрӣ аз дунё рафт. Баъд аз вай, писараш Валид ҷонишини ӯ шуд. Валид барои он ки аз норизоятиҳои мардум бикоҳад, бар он шуд, ки дар равиши дастгоҳи хилофат ва тарзи муомила ва рафтор бо мардум таъдиле бинамояд. Махсусан дар мақоми ҷалби ризояти мардуми Мадина — ки яке аз ду шаҳри муқаддаси мусалмонон ва маркази тобеин ва боқимондагони саҳобаи Пайғамбар ва аҳли фиқҳу ҳадис буд — баромад. Аз ин рӯ, Ҳишом ибни Исмоили Махзунӣ, падарзани Абдулмаликро, ки қаблан ҳокими Мадина буд ва ситамҳо карда буд ва мардум ҳамвора орзуи суқути вайро мекарданд, аз кор барканор кард.

Ҳишом ибни Исмоил дар ситам ва тавҳин ба аҳли Мадина бедод карда буд. Саъид ибни Мусайиб, муҳаддиси маъруф ва мавриди эҳтироми аҳли Мадинаро ба хотири худдорӣ аз байъат, 60 тозиёна зада буд ва ҷомае дурушт бар вай пӯшонда, бар шутуре савораш карда, давр то даври Мадина гардонда буд. Ба хонадони Алӣ алайҳис-салом ва махсусан меҳтар ва сарвари онҳо, Имом Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин алайҳис-салом, беш аз дигарон бадрафторӣ карда буд.

Валид, Ҳишомро маъзул сохт ва ба ҷои ӯ Умар ибни Абдулазиз, писарамуи ҷавони худро, ки дар миёни мардум ба ҳусни ният ва инсоф маъруф буд, ҳокими Мадина қарор дод. Умар барои боз шудани уқдаи дили мардум, дастур дод Ҳишом ибни Исмоилро ҷилави хонаи Марвони Ҳакам нигоҳ доранд ва ҳар кас, ки аз Ҳишом бадӣ дида ё шунида биёяд ва талофӣ кунад ва доди дили худро бигирад. Мардум даста-даста меомаданд. Дашному носазо ва лаъну нафрин буд, ки нисори Ҳишом ибни Исмоил мешуд.

Худи Ҳишом ибни Исмоил беш аз ҳама нигарони Имом Алӣ ибни Ҳусайн буд. Бо худ фикр мекард, интиқоми Алӣ ибни Ҳусайн дар муқобили он ҳама ситамҳо ва саббу лаънҳо нисбат ба падарони бузургвораш, камтар аз куштан нахоҳад буд. Вале аз он тараф, Имом ба пайравони худ фармуд, хӯйи мо бар ин нест, ки ба афтода лагад бизанем ва аз душман баъд аз он ки заъиф шуд интиқом бигирем, балки баръакс, ахлоқи мо ин аст, ки ба афтодагон кӯмак ва мусоидат кунем.

Ҳангоме, ки Имом бо ҷамъияти анбӯҳи ҳаводорон ба тарафи Ҳишом ибни Исмоил меомад, ранг дар чеҳраи Ҳишом боқӣ намонд. Ҳар лаҳза интизори маргро мекашид. Вале бар хилофи интизори вай, Имом тибқи маъмул — ки мусалмоне ба мусалмоне мерасад — бо садои баланд фармуд:

— Ассалому алайкум!… ва бо ӯ мусофиҳа кард ва бар ҳоли ӯ тараҳҳум карда, ба ӯ фармуд:

— Агар кӯмаке аз ман сохтааст, ҳозирам.

Баъд аз ин ҷараён, мардуми Мадина низ шамотат ба Ҳишомро мавқуф карданд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инҳитот дар кишварҳои исломӣ
Ташнае, ки машки обаш ба дӯш буд

Матолиби пурбоздид