Лаззати ҳақиқӣ
Саъдӣ гӯяд:
Агар лаззати тарк лаззат бидонӣ,
Дигар шаҳвати нафс лаззат нахонӣ…
Суфраҳои улво кунад мурғи ҷонат,
Гар аз чанбари оз бозаш паронӣ.
Мавлоно низ фармояд:
Роҳи лаззат аз дарун дон, н-аз бурун,
Аблаҳӣ дон ҷустани қасру ҳусун.
Он яке дар кунҷи масҷид масту шод
В-он дигар дар боғ туршу бемурод.
Лаззатҳои моддӣ зудгузар аст ва камолофарин нест. Балки он чӣ оромишбахши руҳи инсон аст, тарки лаззатҳои моддист.
Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:
أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ
“Огоҳ бошед! Танҳо ба ёди Худо дилҳо оромиш меёбад”. (Сураи Раъд, ояти 28)
Ва дар муқобил:
وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا
“Ҳар кас аз ёди ман (Худо) рӯй бигардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг ва сахте хоҳад дошт…” (Сураи Тоҳо, ояти 124)
Қаламонлайн
qalamonline.net













