Ҷоҳилият – II

Ҷоҳилият – II

Бахши дуввум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷоҳилият як ҷаҳонбинӣ аст

2) Дар оятҳои қуръонӣ ва ривоятҳои набавӣ ва гуфтори саҳоба, бо ин ки боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳои ҷоҳилӣ марбут ба замон ва макони хосс яъне марбут ба мардуми шибҳиҷазираи Арабистон дар замони беъсати ҳазрати Паёмбар (с) ва пеш аз он дониста шудааст, вале диққат дар ин оятҳо ва ривоятҳо ва ахбор нишон медиҳад, ки далели гирифтории онҳо ба ин боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳо, ҷаҳонбинии хосси онҳо будааст; ҷаҳонбиние, ки ҳар кас дошта бошад, аз ӯ ногузир якчунин боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳо сар хоҳад зад, қатъи назар аз ин ки ӯ дар шибҳиҷазираи Арабистон дар даврони пеш аз беъсати ҳазрати Паёмбар (с) зиндагӣ мекарда ва ё масалан дар Урупо дар даврони муосир.

Ва ба сухани дигар, сифати ҷоҳилият, дар воқеъ сифати боварҳо, хислатҳо ва рафторҳои араби пеш аз ислом нест, балки сифати ҷаҳонбиние аст, ки он боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳо аз ҳар инсоне, ки якчунин ҷаҳонбиние дошта бошад ношӣ мешавад.

Аз донишмандони муосир, Тосихико Идзутсу (Toshihiko Izutsu) – забоншинос, Қуръонпажӯҳ, исломшинос ва файласуфи жопунӣ, аз ҳама бештар дар ин мавзӯъ кор карда ва пажӯҳишҳои ӯ дар ин замина қобили таваҷҷӯҳ аст. Албатта, ховаршиносоне чун Игнатс Голдисиер (Ignaz Goldziher) ва Режис Блашер (Régis Blachère) ва ҳамчунин донишмандони исломие чун Абулаъло Мавдудӣ, Сайид Қутб ва бародараш Муҳаммад Қутб ва низ дуктур Алӣ Шариатӣ дар ин мавзӯъ пажӯҳишҳои қобили таваҷҷӯҳе доштанд.

Дар қисматҳои баъдӣ, аввал яке ду намуна аз гуфтори саҳоба дар васфи ҷоҳилият хоҳам овард ва сипас бо дидгоҳи Идзутсу, Мавдудӣ, Сайид Қутб ва Муҳаммад Қутб дар ин замина ошно хоҳем шуд, иншоаллоҳ!

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Терури ду фармондеҳи барҷастаи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ
Луқмон Бойматов: Китобҳои дарсии таърихи тоҷикон ниёз ба бознигарӣ доранд

Матолиби пурбоздид