Латифаи рӯз
Шоире ғазале бемаъно ва беқофия суруд ва назди Мавлоно Ҷомӣ бурд ва пас аз хондани он гуфт:
– Ҳамон тавре ки дидед, дар ин ғазал аз ҳарфи “алиф” истифода нашудааст.
Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
– Беҳтар буд аз соири ҳуруф ҳам истифода намекардед.
(Латоиф ва зароиф)