Мавзеъгириҳои беҷо
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Як расми бисёр нописанд ва зишт миёни мо роиҷ шуда. Ва он: рабт додани ҳар суннат ва тақлиде ба дин аст, мисли ин ки Наврӯзро ба ойини зардуштӣ рабт диҳанд ва ё Ялдоро – ки ҳамон чилла аст – ба ойини митроӣ ва баъзеҳо ба кеши зардуштӣ.
Баъд аҷибаш он ки: дар вокуниш ба ин рабт доданҳои беҷо, мусалмонҳо низ мавзеъ бигиранд ва бо қабули ин пиндор, ки Наврӯз ва ё Ялдо мутааллиқ ба ойини зардуштӣ ё ойини дигар будааст, ҷору ҷанҷол роҳ андозанд, ки инҳо рабте ба ислом надоранд ва мардуданд!
На он расми беҷо дуруст аст, ки марбут кунем ба як кеш ё ойине ва на ин вокуниш дуруст аст, ки бигӯем: ислом онҳоро қабул надорад!
Асосан, ин чӣ мараз ва беморӣ аст, ки ҳар чизеро ба дин рабт диҳем?!
Як одат ва тақлид будааст аз қадим ва роиҷ дар миёни мардум, ки аз қазо чизи баде нест! Наврӯз масалан метавон гуфт, як иди табиат аст, ҳама чиз мешукуфад, табиат нафасе тоза мекашад.
Хуб, чӣ бадӣ дорад вақте мо, одамҳо низ ҳамгом ва ҳамсадо бо табиат ҷашн гирем?! Чӣ рабте ба дину диёнат дорад?! На ба зардуштигарӣ марбут аст ва на ба ислом ва на ба масеҳият ва хулоса, рабте ба дин надорад!
Ялдо ҳам чунин аст, чилла аст ва дарозтарин шаби зимистон аст. Хуб, чӣ эроде дорад ҳамгом бо табиат, мо, одамҳо низ дар ин шаб даври ҳам биншинем ва масалан хуш гузаронем?!
Бисёр кори номаъқул ва беҷое аст, ки ҳар чизеро ба дин рабт бидиҳӣ ва он гоҳ бар асоси он, сафбандиҳо сурат гирад, мувофиқу мухолиф саф бибанданд ва ҷабҳа бигиранд!
Инҳо ҳама аз бекорӣ аст!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













