Фалсафаи ахлоқ – (2)

Фалсафаи ахлоқ

Бахши дуввум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Феъли табиӣ

Ҳол, ахлоқ ба таври куллӣ — ё ба таъбири Расули Акрам, ахлоқи макруматӣ — чист ва мо аз куҷо бояд шурӯъ кунем? Гуфтем, мо аз мусалламот ва масоили мусаллам оғоз мекунем, ба масоили машкук, ки як мактаб мумкин аст онро ахлоқӣ бидонад ва мактаби дигар ахлоқӣ надонад, феълан кор надорем.

Он чи мусаллам аст ин аст, ки дар миёни корҳои инсон ағлаби корҳоро кори табиӣ ва феъли табиӣ меноманд, на ахлоқӣ; дар ин корҳо ахлоқ сидқ намекунад. Масалан, инсон аз ин маҷлис бармехезад ва ба хонааш меравад. Эҳсоси гуруснагӣ мекунад, ғизо мехӯрад. Эҳсоси хастагӣ мекунад, ба бистар меравад ва мехобад. Эҳсоси ташнагӣ мекунад, об менӯшуд. Ин афъолро афъоли табиӣ мегӯянд, яъне корҳои оддӣ; табиати инсон чунин чизеро иқтизо карда. Як кӯдак гурусна мешавад, аз гуруснагӣ эҳсоси ранҷ мекунад ва медонад, хӯрдани ғизо ҳам лаззат дорад. Барои ин ки ин ранҷро аз худаш дур кунад ва ба лаззат ноил бишавад, ғизо мехӯрад. Вақте бузургтар шуд ва ба фоидаи ғизо ҳам пай бурд, медонад, ки саломат ва ҳаёташ дар гарави ин ғизост, агар ғизо нахӯрад, саломат ва ҳаёташ дар хатар аст. Хоб ва садҳо кори дигар ҳамин тавр аст. Тамоми фаъолиятҳои маъошб, ки инсон мекунад, ки дар он фаъолиятҳо ҳадафаш фақат маъош ва зиндагии оддӣ аст, корҳои табиӣ аст. Як тоҷир дар дафтари тиҷораташ машғули фаъолият ва доду ситад ва дар талаби суди бештар аст; ин як кори оддӣ ва табиӣ дар инсон аст ва ношӣ аз судталабӣ ва нафъҷӯии инсон, ки инсон суд ва фоидаеро барои худ бихоҳад, ё дафъи зиён аз худ. Инсон эҳсоси касолат мекунад, ба табиб муроҷеа мекунад барои дафъи зиён ва зарар, зеро беморӣ зиён аст. Ин ҳам як кори оддӣ ва табиӣ аст дар сатҳи корҳои ҳайвонот.

Дар ин ҳадд, ин корҳо на қобили ситоиш ва офаринанд, ки офарин бар фалон кас, гурусна шуд, ғизо хӯрд; офарин бар фалон кас, хаста шуд хобид; офарин бар фалон кас, дунболи пул меравад; ва на қобили накӯҳиш, нафрин ва ноофарин (мегӯянд, нафрин мухаффафи ноофарин аст), ки нафрин бар фалон кас, гурусна мешавад, ғизо мехӯрад, ташна мешавад, об менӯшад. Онҷо на ситоиш ва тақдис ва марҳабо ва боракаллоҳ аст ва на накӯҳиш; ҳеч кадом аз инҳо вуҷуд надорад; феъле аст табиӣ ва оддӣ. Ҳамин тавр, ки кори як ҳайвон на ситоиш дорад на накӯҳиш, кори табиии инсон низ модоме, ки бо он ангезаҳои табиӣ сурат мегирад ва амри дигаре замима намешавад, ситоиш ва офарин надорад ва накӯҳиш ва ноофарин ҳам надорад. Инҳоро феъли табиӣ меномем. Сифоте ҳам, ки марбут ба афъоли табиӣ бошад, сифоти табиӣ аст. Майлҳои марбут ба ин гуна корҳо дар инсон монанди майл ба ғизо хӯрдан, майл ба хобидан, майл ба об нӯшидан, майли ҷинсӣ майли табиӣ аст ва на ситоиш дорад, на накӯҳиш, оддӣ аст, яъне дар сатҳи оддӣ аст, на болотар ва на пойинтар. Андешаҳои марбут ба ин корҳо айнан ҳамин ҷур аст, андешаҳое аст оддӣ ва табиӣ; ин андешаҳо на қобили ситоиш ва офарин аст, на қобили накӯҳиш ва ноофарин.

Аммо инсон ихтисосан чунин аст, (ки дорои афъоли ахлоқӣ аст) ва ин дигар дар ғайри инсон нест ва аз ин рӯ агар инсон ин гуна таъриф бишавад: инсон ҳайвоне аст ахлоқӣ, ин таъриф таърифи ғалате нест, яъне феъли ахлоқӣ як феъли инсонӣ аст, ҳамон тавр, ки феъли зидди ахлоқӣ ҳам марбут ба инсон аст. Ҳайвон на метавонад феъли ахлоқӣ анҷом бидиҳад ва на метавонад феъли зидди ахлоқӣ анҷом бидиҳад. Ӯ ҳамеша дар ҳамон сатҳи оддӣ қарор гирифтааст.

Феъли ахлоқӣ

Ҳол, феъли ахлоқӣ чист? Аввалин мушаххасааш ҳамин аст, ки тақозои ситоишу сипосу офарин дорад, тақозои таъзиму табҷил дорад. Ҳар кас, ки мебинад ё мешунавад, ба ин кор ва ба он сифате, ки мабдаи ин кор аст ва ба он андешае, ки марбут ба ин кор аст, эҳтиром мегузорад; ӯро ситоишу таъзиму эҳтиром мекунанд, ба ӯ офарин мегӯянд. Мисол зикр мекунам; аввал ҳам аз достонҳои қаҳрамонони ахлоқии мазҳабӣ мисол намеоварам, чун ин ҷур чизҳо дар виҷдони инсон ва дар инсонияти инсон ҳаст ва дар ғайри афроди мазҳабӣ ҳам вуҷуд дорад.

Пётри Кабир-ро — ки дар ҳудуди 200 сол пеш императори Русия буд ва шояд муосир бо Нодир бошад ва ба Русия азамат дод — яке аз шахсиятҳои бузурги дунё мешуморанд ва ҳатто коммунистҳои феълӣ барояш эҳтиром қоил ҳастанд. Таърихи Аберт Малет (Albert Malet) менависад, ин мард дар синни 53-солагӣ дар асари зотуррия (пневмония) мурд. Дар зимистон, январ, рӯзе канори рӯдхонае истода буд. Қоиқе дошт аз он ҷо мегузашт ва чанд нафар инсон савори он қоиқ буданд. Эҳсос кард, қоиқ дар ҳоли ғарқ шудан аст, касе ҳам он ҷо набуд, фавран барои наҷоти ин қоиқ худашро ба об андохт. (Намедонам ин қоиқ наҷот пайдо кард ё на). Дар асари ҳамин кор, зотуррия шуд ва мурд.

Ҳол, ин корро ҳар кас бишнавад, чӣ мегӯяд? Ин одам ду навъ кор метавонист анҷом бидиҳад: яке ин ки ҳамин тавр тамошочӣ ва бетафовут бошад, бибинад қоиқ ғарқ мешавад ё намешавад, бо худаш фикр кунад, ман худамро дар ин зимистон ва яхбандон, он ҳам дар ҳавои сарди Русия, дар об биандозам, бихоҳам ҷони дигаронро наҷот диҳам, ҷони худамро дар хатар биандозам барои наҷоти як идда инсон? Чаро ин корро бикунам? Рӯйи чӣ ҳисобе? Дигар ин ки ҷони худашро ба хатар биандозад ва инҳоро наҷот диҳад. Ин корро ҳар кас, ки мешунавад, як кори инсонӣ ва ахлоқӣ талаққӣ мекунад. Ин кор аз сатҳи кори оддӣ болотар аст, офарин металабад. Ҳар кас, ки бибинад ё бишнавад, мегӯяд: аҳсант! Боракаллоҳ! Марде буда; ҷони худашро фидои як иддаи дигар кард. Инро кори ахлоқӣ мегӯянд.

Дар чанд сол пеш дӯсти бузургвори мо олими ҷалил, марҳум Оятӣ дар тасодуфи автомобилӣ фавт кард. Сабаби кушта шудани ин мард ин буд, ки бо автомобилаш дар хиёбон мерафт, саге аз ҷилави автомобилаш рад мешуд, дид, сагро дорад зер мегирад, барои ин ки сагро зер нагирад, автомобилро баргардонд ва баъд тасодуф кард ва мурд. Агар як нафари дигар буд, мезад ва мерафт. Ҳол, ин корро, ки инсоне розӣ намешавад ҷони як ҳайвонро ба хатар биандозад, ҳар кас мешунавад, ситоиш мекунад, мегӯяд, боракаллоҳ, офарин. Феълеро, ки офарин металабад, ахлоқӣ мегӯянд; ин кор дар як сатҳи олӣ воқеъ шудааст.

Достоне нақл мекунанд; ин достонро яке аз дӯстонамон бо ҳамон достони Пётр дар муқаддимаи китобаш навиштааст ва достони хубе аст. Мегӯяд, замоне бо як нафар материалист сӯҳбат мекардам; ин мисолҳоро бо ӯ дар миён гузоштам, гуфтам, инҳо бо чӣ мантиқи моддӣ ҷур дармеояд ва ӯ ҷавобе надошт. Навишта буд, рӯзе ҷавоне аз роҳи дур пойи пиёда омада буд дар биёбоне дар ҳоле, ки ба шиддат гурусна ва фавқулъода хаста ва кӯфта ва поҳояш маҷрӯҳ буд. Чанд нафаре канори ҷодда нишаста ва суфрае паҳн кардаанд.

Барои ин ки садди рамақе бикунад, ба инҳо мегӯяд, ман гуруснаам, хоҳиш мекунам аз ғизоятон луқмае ба ман бидиҳед. Саге ҳам он ҷо ба суфра нигоҳ мекард, ки онҳо чизе ҷилави ӯ биандозанд. Онҳо мегӯянд, мо миқдоре ғизоро гулӯла ва он тараф парт мекунем, аз ту ва ин саг ҳар кадом зудтар бардоштед, моли ӯ. Як миқдор нону гӯштро лӯла ва партоб мекунанд. Ӯ ва саг медаванд дунболи нон ва ӯ аз саг зудтар мерасад. Нонро бармедорад. Вақте бармедорад, мебинад ин саг омада истода, як нигоҳи мултамисонае ба ӯ мекунад.

Нонро ҷилави он саг меандозад ва саг мехӯрад, яъне сагро бар худаш муқаддам медорад. Ман гурусна ҳастам, ин саг ҳам гурусна аст; ман ба унвони як инсон ҳастам, ки бояд ба ин саг эсор кунам, на ин саг, ки ҳайвон аст. Инҷо масъалаи дину мазҳаб ҳам дар кор нест.

Оё ҳар кас бо чунин манзарае рӯбарӯ бишавад, чӣ фикр мекунад ва чӣ мегӯяд? Оё ин корро дар мофавқи сатҳи оддӣ ва табиӣ мебинад ё на? Метавонад ин корро табиӣ талаққӣ кунад? Бо мантиқи табиӣ ҷур дарнамеояд. Мантиқи табиӣ мегӯяд, барои худат кӯшишу фаъолият кун. Дар мантиқи табиӣ марказ манам, марказ худи ман аст, худам; барои худам кор мекунам, он “ман” худам, марказ он “ман” худам аст, вале инҷо “худам” вуҷуд надорад, ғайри худам аст: ман ғайри худамро бар худам муқаддам медорам. Ин корро чӣ мешавад номид?

Қадри мусаллам ин аст, ки коре аст қобили ситоиш, таҳсин, офарин ва марҳабо. Он одаме ҳам, ки агар худаш дар чунин шароите қарор бигирад, ин корро намекунад ва ҳиммати чунин кореро надорад, дар айни ҳол чунин инсонеро ситоиш мекунад, мегӯяд, ман, ки марди чунин коре нестам, аммо ҳар касе чунин коре бикунад, ман ба ӯ офарин мегӯям ва ӯро ситоиш мекунам.

Дар яке аз ҷангҳои исломӣ чанд нафар маҷрӯҳ аз мусалмонон рӯйи замин афтода буданд; ва медонед, ки одами маҷрӯҳ, қатъи назар аз ин ки ҳаво ҳам гарм бошад ё набошад, ба далели ин ки хун аз баданаш рафтааст, эҳсоси ташнагии бештар мекунад, чун бадан эҳтиёҷ пайдо мекунад ба ин ки фавран хун бисозад ва об мехоҳад. Як нафар ба болини ин маҷрӯҳин мерасад, эҳсос мекунад, ки инҳо хеле ташна ҳастанд, фавран зарфи обе мебарад ба яке аз инҳо бидиҳад, ӯ ишора мекунад ба як маҷрӯҳи дигар, мегӯяд, бирав ба ӯ бидеҳ. Фавран меравад суроғи ӯ. Вай ишора мекунад ба маҷрӯҳи севвум, мегӯяд, бирав ба ӯ бидеҳ. Меравад суроғи ӯ. Вақте меравад, мебинад ӯ аз ташнагӣ мурд. Бармегардад суроғи дуввумӣ, мебинад дуввумӣ ҳам мурда, бармегардад суроғи севвумӣ, мебинад севвумӣ ҳам мурдааст. Ин об ба ҳеч як аз ин се нафар нарасид; ҳар се ба таъбири Қуръон эсор карданд:

وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ

(Ҳашр/9) Яъне дар айни камоли эҳтиёҷе, ки худ доранд, дигаронро бар худ муқаддам медоранд.

Ҳол, исми инро чӣ мегузоред? Ҳар чи мехоҳед бигузоред, ахлоқ ё чизи дигар, як амали қобили ситоиш аст, аҳаде наметавонад ин корро ситоиш накунад, бузургворӣ надонад ва ба таъбири Расули Акрам, макрумат нашиносад. Макрумат ва бузургворӣ аст.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Созмони Милал қатъномаи муқобила бо нафратпарокании мазҳабиро тасвиб намуд
Истеъмор ва истеъморзудоӣ – (2)

Матолиби пурбоздид