Мавзӯи тарбият дар Баҳористони Ҷомӣ

Адаб

Мавзӯи тарбият дар Баҳористони Ҷомӣ

Қимати мард на аз симу зар аст,

Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

Эй басо банда, ки аз баҳри ҳунар,

Қадраш аз хоҷа басо бештар аст!

Фарзанд натиҷаи омол ва орзуҳои деринаи инсон аст.

Фарзанд самараи ҳаёти инсон маҳсуб ёфта, ба унвони ҷонишин ва нишон дар рӯйи замин аз ӯ боқӣ мемонад.

Аммо чӣ гуна ба камол расидану чӣ гуна зиндагӣ доштани ин орзуи деринаи инсон, вобаста аст ба тарбияти солим, ки пеш аз ҳама дар оила барои фарзанд дода мешавад. Тарбият ва ба камоли инсонӣ расонидани фарзанд мақулае нест, ки танҳо чанд сол пеш мавриди таҳқиқ ва ё аҳамият қарор гирифта бошад. Ин омил аз бузургтарин ва пурарзиштарин масъалае ба шумор меравад, ки қарнҳои гузашта мавриди он таваҷҷӯҳи хосае доштаанд. Гузаштагони мо низ дар робита ба таълиму тарбият ва ба камол расидани фарзандони худ саҳми беназире дошта ва барои ба натиҷаи дуруст ноил гардиданашон дар ин росто осор ва навиштаҷоти зиёдеро ба мерос гузоштаанд. Бо ин тартиб метавон гуфт, ки пеш аз ҳама дар таълим ва тарбияти фарзанд оила мақоми аввалдараҷаро касб мекунад, зеро чун фарзан чашм ба олами ҳастӣ мекушояд худро дар оғуши модар ва муҳити оилаи худ мебинад. Пас ибтидои ҳаёти фарзанд ва оғози олами тарбият ва таълими ӯ аз омӯзишгоҳе ибтидо мегирад, ки онро оила меноманд.

Ҳамин аст, ки бузургон ва гузаштагони мо низ дар баробари мақом пайдо карданашон дар олами илму таълим таъсири муфид ва назаррасе дар тарбияти фарзандони худ доштаанд. Аз ҷумла яке аз олимон ва орифони маъруфи форсу тоҷик Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки дар дунё илму маърифат ва шеъру шоирӣ мақоми вижае дорад, дар мавриди чигуна ба камол расидани фарзанд ва тарбияти ӯ дар сояи илму таълим асари машҳур ва маъруферо ба мерос гузоштааст. Ҷомӣ чун дигар бузургон аз хурдӣ ба тарбияти фарзанди хеш машғул гардида, ӯро аз улуми зарурии замонаш ва таълими забони арабӣ дарс мегуфт. Дар баробари таълими улум ва забономӯзӣ Мавлоно Ҷомӣ ҳангоми таълим аз усули вижаи тарбият кор мегирифт, то фарзандаш дар баробари илм омӯхтан соҳиби ахлоқу рафтори инсонӣ бошад. Ӯ ҳамвора писари даҳсолаи худро аз қисса ва ривоёту ҳаёти гузаштагон мисол оварда, фарзандашро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ ба камол мерасонид.

“Баҳористон” асари бузург ва машҳури Мавлоно Ҷомӣ маҳсуб меёбад, ин китоб асарест, ки Мавлоно Ҷомӣ онро барои тарбият ва таълими фарзанди хеш нигоштааст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин асари пурбаҳои худ, фарзанди арҷманди хеш Зиёуддин Юсуфро дар баробари ташвиқ карданаш ба ватандӯстиву меҳанпарварӣ, роҳу равиши зиндагӣ ва роҳу рафтор як инсон дар ҷомеаро ташвиқ мекард. Ӯ фарзанди азизи худро огоҳ мекард, ки аз дуруғ, ҳасад, кибр, худписандӣ, коҳилӣ, танбалӣ, мардумозорӣ, ҷаҳолат, мансабпарастӣ, тамаллуқу чоплусӣ ва дигар рафторҳои разила, ки ҳаёти инсонро ҳамеша зери хатар ва бадгӯии мардум қарор медиҳад дурӣ ҷӯяд. Дар баробари ин хушахлоқ будан, рафтори нек доштан бо мардум ва бо мардум зиндагӣ карданро меҳвари асосии зиндагӣ барои фарзанди худ талқин мекард.

Яке аз дигар вазифаҳои муҳиме, ки Мавлоно Ҷомӣ барои фарзанди худ асос мегузорад, илму ҳунар омӯхтан аст. Ба ақидаи Мавлоно фарзанд новобаста аз  он ки дар кадом шароит ба сар мебарад, бояд худ талоши илм намояду дар худ ҳунарҳоеро дошта бошад. Аз ин хотир аст, ки ӯ роҷеъ ба писари худ таъкид мекунад, то аз хурдӣ дорои илму ҳунар бошад ва ҳамеша бо касбу ҳунари худ миёни мардум зиндагӣ кунад ва бояд мардум ӯро на бо насабаш ва мақоми доштаи гузаштагонаш бишносанд, балки бо ҳунару истеъдоди волояш мақомаш диҳанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин росто чунин мегӯяд:

Чу нодонон на дар банди падар бош,

Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.

Аз гуфтаи ин олими бузурги форсу тоҷик бармеояд, ки камоли инсонӣ ва мақмои ӯ дар зиндагӣ танҳо аз касб ва ҳунару маҳорати ӯ вобастагӣ дорад. Пас оиларо зарур аст, ки агар чи дар беҳтарин шароит ва ҳаёт ба сар мебаранд, бояд аз ҳунаромӯзии фарзанди хеш бехабар набошад. Зеро касбу ҳунар ва дороиву сарвати оила наметавонад мақом ва манзалати ояндаи фарзандро муайян кунад. Ҳамин аст, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин маврид ҷои дигар фарзанди худро таъкид мекунад, ки:

Ҳар писар, к–ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,

Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.

Шохи бебар арча бошад аз дарахти мевадор,

Чун наорад мева бар, андар шумори ҳезум аст.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин асари пургуҳари худ боз масъалаи дигареро барои тарбияти фарзанди худ пеш мегузорад, ки он шинохтани қадри инсон аст. Ин олими бузург таъкид медорад, ки дар зиндагӣ шинохтани қадри инсон яке аз вазифаи асосӣ ба шумор рафта, дар пешрафти ҳаёт аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Вай дар ин маврид иброз медорад, ки шинохти инсон ба симу зар ва дороӣ набуда, балки бо ҳунар ва касби ӯст. Ҷомӣ дар мавриди шинохти инсон ва бо кӣ дӯстиву рафоқат пайдо кардани фарзандаш чунин мефармояд:

Қимати мард на аз симу зар аст,

Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

Эй басо банда, ки аз баҳри ҳунар,

Қадраш аз хоҷа басо бештар аст!

В –эй басо хоҷа, ки аз беҳунарӣ,

Дар раҳи бандаи худ пайсипар аст.

Ғайр аз ин Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” аҳамият ва пурарзишии илму донишро дар ҳаёти инсоният ва хусусан фарзандон зикр карда, инсонҳоро ба омӯзиш ва таълим даъват менамояд. Мавлоно дар ин самт иброз медорад, ки дарёи илм беканор аст ва инсон наметавонад онро куллан аз худ намояд, ба ин хотир бояд мутобиқи истеъдод ва дониши худ илми заруриро аз худ намояд. Ӯ мегӯяд:

Илме, ки ногузори ту бошад, бад – он гарой,

В– онро, к – аз он гузир бувад, ҷустуҷӯ макун!

В –он дам, ки  ҳосили ту шавад илми ногузир,

Ғайр аз амал ба мӯҷиби он орзу макун!

Бо ин тартиб агар ба ин асари бузурги Мавлоно Ҷомӣ назар афканем метавон дид, ки олими бузург дар ин асари худ тамоми ҷанбаҳои таълим ва тарбияти фарзандро фаро гирифтааст.  Дар баробари ин метавон гуфт, ки “Баҳористон” агар чи як асари бадеист, аммо он дорои панду андарз ва нақлу ривоётест, ки аҳамияти умумиинсонӣ доранд. Яъне ҳар шахс метавонад дар ҳаёти худ аз ин китоби маъруф ва машҳури олим истифода кунад.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи амрикоӣ: Эрон дар саросари Ховари Миёна қудрати худро нишон медиҳад
Марди доно ва ғуломи тарсу

Матолиби пурбоздид