Суханони такондиҳандаи пизишки фаронсавӣ пас аз сафар ба Ғазза

Суханони такондиҳандаи пизишки фаронсавӣ пас аз сафар ба Ғазза: “Тирандозҳои исроилӣ сари бузургсолон ва поҳои кӯдаконро ҳадаф қарор медиҳанд”

 “Бархе ҳатто дар туалет мехобанд”

Aljazeera:

Паскал Андре, пизишки фаронсавии мутахассиси бемориҳои вогирдор (инфекционные заболевания), ки барои кор дар бемористоне дар Хон-Юнус воқеъ дар навори Ғазза ба ин минтақа сафар карда буд, гуфт: “Тирандозҳои исроилӣ сари бузургсолон ва поҳои кӯдаконро ҳадаф қарор медиҳанд.”

Андре бо ишора ба вазъияти фоҷеаомези фаластиниҳо дар сояи ҷанг алайҳи навори Ғазза ва фурӯпошии системаи беҳдоштӣ ва интишори беморҳои уфунӣ дар ин минтақа, ба рӯзномаи Lacroix гуфтааст: “Вазъияти бемористон дар Хон-Юнус бисёр вахим аст ва бахши ҷарроҳии ин бемористон, ки барои чиҳил бемор тарроҳӣ шуда, акнун шомили 110 бемор аст.”

Вай бо ишора ба ин ки оворагоне, ки ба бемористон паноҳ овардаанд, ҳафтаҳост ба далели тарс аз бомбборонҳои Исроил, аз бемористон хориҷ намешаванд, афзуд: “Ҳудуди 25 ҳазор овора дар атрофи бемористон ва дохили сохтмонҳои вобаста ба он зиндагӣ мекунанд.”

Андре идома дод: “Хонаводаҳо дар роҳравҳои бемористон, дохили бахшҳо ва ҳатто дохили утоқҳои муолиҷа зиндагӣ мекунанд, баён кард: “Яке аз хонаводаҳои парасторони зан дар дохили туалет мехобад.”

Вай хотирнишон кард: “Мардум дар шароити бисёр баде ба сар мебаранд ва бештари онҳо моҳҳост як либос ба тан доранд ва чун барои хариди чӯб пул надоранд, аз картон барои пухтани ғизо истифода мекунанд.”

Ин пизишки фаронсавӣ, авзоъи кунунӣ дар ҷануби навори Ғаззаро беҳтар аз шимоли он тавсиф мекунад ва мегӯяд: “Дар ин минтақа ҳаммом нест ва туалетҳо ҳам вайрон шудааст. Оби солим дар ин минтақа вуҷуд надорад ва эҳтимоли шуюъи бемориҳое назири гепатит вуҷуд дорад ва ба маҳзи афзоиши дамои ҳаво эҳтимоли шуюи вабо ҳам вуҷуд дорад.”

Aljazeera

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гузинаҳои пеши рӯйи Бенёмин Натонёҳу
Оё рост намегӯяд?!

Матолиби пурбоздид