Мавъиза

Адаб

Мавъиза

* Ҳакиме гӯяд: оқил бояд ду ойина дошта бошад: дар яке, бадиҳои хеш бинад, то худро ҳақир бибинад ва битавонад айбҳояшро ислоҳ кунад. Ва дар ойинаи дигар, хубиҳои дигарон бинад, то он чӣ битавонад, ба чанг оварад ва худро бад-онҳо биёрояд.

* Ду чиз аст, ки то ҳаст, қадрашро нашносанд: тандурустӣ ва ҷавонӣ.

* Аз ҳакиме пурсиданд: неъмате, ки бар соҳибаш рашк набаранд ё балое, ки бар гирифтораш дилсӯзӣ накунанд, мешиносӣ? Гуфт: оре, он неъмат тавозӯъ аст ва он бало такаббур.

* Бишр ибни Ҳорис мегуфт: ин мавъиза бас аст, ки ҷамъе мурдаанд ва ёдашон дилро зинда мекунад ва гурӯҳе зиндаанд ва диданашон дилро мемиронад. Ва ашъоре бад-ин мазмун мегуфт (тарҷума аз арабӣ):

Ба Худо қасам, хӯрдани орди ҳастаи хурмо ва оби шӯри чоҳҳои амиқ,

Мӯҳтарамтар аст аз озмандӣ ва хоҳиш аз чеҳраҳои абус ва гирифта.

Бар Худо таваккул кун, ки ин бениёзии ҳақиқӣ ва тиҷорате судманд аст.

Буридани тамаъ сояи иззат аст, ва тамаъ боиси расвоӣ ва мазаллат.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парҳез аз суханони бефоида
Иззати дунё дар чист?

Матолиби пурбоздид