Мадҳ дар адабиёти форсӣ

Адаб

Мадҳ дар адабиёти форсӣ

Адибони маддоҳ ва амирони мадҳхоҳ – он чӣ мегуфту ин чӣ мехост?

Обид Шакурзода

Ман онам, ки дар пойи хӯгон нарезам,

Мар ин қиматидурр лафзи дариро!

Ин сухани Шоҳносири Хусрав аст – аз ситорагони назми форсӣ, ки бе парда ва тунду тез бар адибони мадҳгӯй метозад ва худро барои онҳо намуна менамоёнад, ки сухани пок на барои васфи дурӯғину чоплусона аст. Сухани пок барои татҳири ботину такмили иффату покии тинати мардумон аст. Аммо гуфтаи ӯ, чунон ки дида мешавад, шунида нашудааст, яксара адибони зиёд, аз баландтарин сатҳ то васатию пойинӣ, ба мадҳ андешидаанд, мадеҳа гуфтаанду тамаъ ҷустаанд. Ин пайт ногузир пурсиш пеш меояд: мадҳ чист ва чиро бояд мадҳ гуфт? Оё мадҳ аҳаммийяте дорад, ки ҳатто номдорони адаби форсӣ ба гуфтанаш табъ озмудаанд ва аз диди ҳунарӣ беҳтарин ашъор сурудаанд?

Мадҳ (ар. مدح– ситоиш), дар истилоҳи адабӣ сухане, ки дар он гӯянда ба тавсиф, таҳсин ва тамҷиди шахсе бипардозад. Мадҳ дар канори шеъри ошиқона ва шеъри орфона роиҷтарин мазмун дар адабиёт, ба вижа, дар шеъри форсист. Шоирони мадеҳасаро дар рӯзҳои расмӣ, монанди идҳо, ҷашнҳо, ёдбуд, ҷунбишҳои миллию мазҳабӣ ва пирӯзиҳои низомӣ ба хондани мадеҳа дар ҳузури шоҳону бузургон мепардохтанд ва дар тавсифу тамҷиди сифоте чун шуҷоъат, фидокорӣ, хирадмандӣ, мулкдорӣ, сиёсат, бахшиш, ҷангҷӯйӣ, қудрат ва шукуҳи мамдуҳи худ шеър месохтанд.

Яке аз арзишҳои мадҳ дар адабийёти форсӣ ин аст, ки хусусиёти мардум ва ҳунармандонро ба рӯшанӣ тасвир мекунад ва низ бо баррасии он метавон ба вижагиҳои таърихию иҷтимоъии ҳар давра огоҳ шуд. Аммо аслитарин далели гароиши шоирон ба мадеҳасароӣ ва густариши он подошҳои подшоҳон буд. Ба мадҳ рӯ овардани шоирон боиси мақом ё подош дарёфтани онҳо дар дарбор мегашт ва низ сабаб мешуд, то шеърҳояшон дар ҷунгҳову дар девони онон ҳифз шавад. Дигар вижагии муҳимми мадҳ он аст, ки шоирони мадеҳасаро бештар подшоҳи ормониро меситудаанд ва мехостанд, ӯро ба ёфтани сифатҳои ҳамида тарғиб кунанд. Яъне ситоиши шоҳеро, ки як вуҷуде фаробашарист (боқудрат, бошукуҳ, хирадманд, бахшандаву бахшоянда), ки метавонад ҳамчун мояи ормонҳои башардӯстонаи адиб талаққӣ гардад. Аз ин рӯ, дар мадҳ огоҳона ба иғроқҳои ғайривоқеъӣ мепардохтанд ва бо овардани сифатҳои неку барҷаста орзу доштанд, ки мамдуҳашон чунон бошад. Ҳамчунин дар поёни ситоишномаҳошон подошҳро дуъо мекарданд. Ва подшоҳон, аз як сӯ, ба чунин шеърҳо, ки навъе ҷанбаи таблиғӣ дар баробари душманон ва боиси ҷалби назари зердастон буд, майл доштанд. Аз сӯе ҳам шоирон ба эътибор, шуҳрати иҷтимоӣ, маоши муназзаму мақом ниёзманд буданд.

 

Қасидаи гаҳвораи мадҳ

Дар гуфтани мадҳ адибон ғолибан қолибҳои шеърӣ, чун ғазал, маснавӣ, мусаммат, қитъа ва ҷуз инҳоро ба салиқаи худ истифода мебурданд, вале қасида қолиби аслии он будааст. Маҳз мадҳ сабаб шудааст, ки қасида ба чанд бахш тақсим шавад. Нахуст шоир ба тағаззулу ташбиб мепардохт ва аз табиату ишқу майгусорӣ ва ё шикоят аз дасти рӯзгор сухан мегуфт. Сипас бо гурез ба манзури аслӣ мепардохт ва саранҷом ба мадҳ мерасид ва дар он аз бузургиҳо ва бузургвориҳои мамдуҳ мегуфт ва бо дуъое барои тули умри ӯ шеъри худро ба поён мебурд. Бархе шоирон (чун Унсурию Анварӣ) бидуни тағаззулу ташбиб аз ҳамон оғози қасида ба суроғи мамдуҳ рафтаанд. Гоҳ шоир дар мадҳ тақози худро низ баён мекард, ки ба он истиъонат (кумак хостан) мегуфтаанд.

Маддоҳӣ усулан навъе пеша – шеърфурушӣ, ба шумор мерафт, тавре ки ҳар кас шеърро беҳтар мехарид, шоирони маддоҳ назди ӯ мерафтанд. Борикандешӣ, мазмунофаринӣ ва таваҷҷуҳ ба орояҳои лафзию маънавӣ барои ҷалби назари подшоҳону ҳокимон аз дигар вижагиҳои мадҳ аст. Ғулувв ва иғроқ рукни аслии он ба шумор меравад. Дар оғоз иғроқҳо пазируфтанӣ ва камтар ғайривоқеъӣ буд, аммо рафта-рафта ба муҳолгӯйӣ ва дурӯғпардозӣ табдил шуд, чунончи

Нуҳ курсии фалак ниҳад андеша зери пой,

То бӯса бар рикоби Қизиларслон диҳад! (Заҳири Форёбӣ)

 

Мазмуну мавзӯи мадеҳа

Мадҳ аз назари мавзуъу мазмун ба се даста тақсим мешавад: 1. дарборӣ, ки дар мадҳи шоҳон, шоҳзодагон, вазирон, сардорону ҳокимону аъён мегуфтанд ва фазое комилан ашрофӣ дошт. Шоироне чун Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Қоонӣ дар ин навъ машҳуранд. 2. ситоиши бузургони дину мазҳабу ирфон. Шоир ин назир мадҳияҳоро бо амри дил ва аз сари эътиқодоти мазҳабӣ мегуфтааст. Мадҳияҳои динӣ ба тавҳид, наът ва манқабат тақсим мешвад, ки аввалӣ дар ситоиши Худованд, дувумӣ дар ситоиши паёмбари ислом ва севумин дар ситоиши имомону дигар бузургони дину ирфон гуфта мешудааст. 3. мадҳияҳои иҷтимоию ахлоқӣ, ки меҳвари аслии он пандҳои ахлиқию нукоти тарбиятист. Дар ин навъ, ки онро шеъри таълимӣ ҳам мегӯянд, шоир бо ситоиши мамдуҳ нақши муаллимро ба худ гирифта, пандҳову андарзҳое ба мадҳия меафзудааст. Бунёдгузори ин навъ Саъдист.

Ба навбатанд мулук андар ин сипанҷсарой,

Кунун ки навбати туст, эй малик, ба адл гарой.

Ё ки дар «Бӯстон» ба мамдуҳ чунин хитоб мекунад (посух ба газофпардозҳои суханфурӯш):

Чӣ ҳоҷат, ки нуҳ курсии осмон

Ниҳӣ зери пои Қизиларслон?!

Магӯ, пойи иззат бар афлок неҳ,

Бигӯ, рӯйи ихлос бар хок неҳ!

Ба тоъат бинеҳ чеҳра бар остон,

Ки ин аст сарҷоддаи ростон!

Агар бандаӣ, сар бар ин дар бинеҳ,

Кулоҳи худовандӣ аз сар бинеҳ.

Мадҳ дар осори насрӣ ҳам корбурд дорад, ки дар дебочаи китобҳо навишта мешавад. Нависанд ё мутарҷим пас аз ҳамди Худованду ситоиши пайғамбар ба мадҳи подшоҳи он замон пардохта ва китоби худро ба онон тақдим мекардаанд. Чунончи «Гулистон»-и Саъдӣ.

Поёни бахши аввал

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии устод Обид Шакурзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарсҳое аз зиндагии Нелсон Мондело
Мақоми исроилӣ: Баъд аз ҷанг, Қатарро низ муҷозот мекунем!

Матолиби пурбоздид