Малколм Иксро кӣ террор кард?
Хонаводаи шаҳид Малколм Икс, Созмони амнияти Омрико (CIA)-ро дар пушти терури падарашон медонанд
Ду духтари шаҳид Малколм Икс – аз раҳбарони ҷомеаи мусалмони Омрико, дар солгарди терури падарашон, нишасти хабарӣ тартиб доданд ва эълом карданд, ки пушти терури вай CIA, FBI ва Идораи пулиси Ню-йорк меистанд ва дар робита бо ин терур шикоят мекунанд…
Малколм Икс (1925-1965) фаъоли сиёҳпусти мусалмони Ҳуқуқи инсонӣ ва мудофеи ҳуқуқи африқоӣ-амрикоиҳо буд. Номи хонаводагии вай Литлл буд. Ӯ ба далели муборизоти шуҷоона алайҳи табъизи нажодӣ ва ҳамчунин зиндагии пурфарозу нишеб машҳур аст.
Дар 21 феврали соли 1965, ҳангоме ки ӯ дар яке аз солунҳои иҷтимооти Маҳеттени Ню-Йорк суханронӣ мекард, се марди мусаллаҳ, ӯро аз фосилаи кам, ҳадафи тир қарор доданд ва Малколми 39 сола билофосила кушта шуд…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламоналайн