Ибни Сино ва аксарият

Ибни Сино ва аксарият

Назари Ибни Сино дар мавриди аксарият

Абӯалӣ ибни Сино пайравӣ аз раъйу назари аксариятро тақбеҳ мекунад аз ҷумла дар заминаи сиёсат ва ҳукуматдорӣ. Ибни Сино дар яке ду асари худ, роҷеъ ба анвоу ақсоми сохторҳои сиёсӣ дидгоҳҳои худро иброз дошта.

Аз ҷумла, дар асари гаронмояи худ “Ал-ҳикмат-ул-урузия”, дар бораи сохтори демукросӣ баҳс ба амал овардааст. Ӯ дар ин китоб айнан лафзи “демукросӣ”-ро ба кор бурда, ки албатта ин вожаро аз Арасту баргирифта, вале таърифаш аз демукросӣ, бо таърифи Арасту фарқ мекунад. Ибни Сино мегӯяд:

“Яке аз низомҳои сиёсӣ, низоми демукросӣ аст. Ва он, низомест, ки шаҳрвандони кишвар, чӣ фозил ва чӣ дании он (яъне чӣ як ашрофзода бошад ва чӣ аз табақаи пасти ҷомеа) аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор буда ва дар муҷозотҳо ва кароматҳо ва мансабҳо ҳуқуқи яксон доранд. Дар ин навъ низоми сиёсӣ, риёсат (яъне ҳокими кишвар) бо касе хоҳад буд, ки мардум бар риёсати ӯ иҷмоъ ва иттифоқи назар дошта бошанд (яъне бо интихоби мардум ҳоким шуда бошад)…” (Ал-ҳикмат-ул-урузия, саҳ.93).

Дар мантиқи Шифо низ (саҳ.62) мегӯяд: “Демукросӣ он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқ ва каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом касе наметавонад, ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд”.

Сипас дар сафҳаи 83 ҳамин китоб мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ озодӣ аст”.

Аммо аҷиб ин ки Ибни Сино пас аз таърифи ин сохтори сиёсӣ яъне демукросӣ, мегӯяд, ин низом низоми идеол ва матлуб нест, аз ҷумла ман (Бӯалӣ) онро намеписандам. Мегӯяд, сохтори сиёсии матлуб ҳамон аст, ки Суқрот гуфта ва Афлотун низ дар китобаш ба он ишора намуда. Ва он нест ҷуз низоми “Мадинаи фозила”.

Баъд низоми сиёсии мадинаи фозиларо таъриф карда, ба ин сурат, ки дар ин низоми сиёсӣ, дар раъси умур нухбаҳои ҷомеа, ки онҳоро “ҳукамо” мехонад меистанд, ҳукамо яъне ҳакимон. Баъд мегӯяд, албатта ҳаким ба сурати демукросӣ интихоб намешавад, аксарият чи басо як ғайри ҳакимеро интихоб кунанд, назари аксарият меъёр нест, балки меъёр ақл аст, пайравӣ аз хирад аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламоналайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Малколм Иксро кӣ террор кард?
Лаҳазоте бо Фидел Кастро

Матолиби пурбоздид