Масуниятҳои “Элбасӣ” комилан лағв мегардад

Масуниятҳои “Элбасӣ” комилан лағв мегардад

Ахбори минтақа

Қазоқистон раванди бекор намудани масуниятҳои Элбасӣ – Нурсултон Назарбоевро оғоз намудааст.

Гуфта мешавад, бар ин асос, масуниятҳои қазоии Назарбоев комилан лағв хоҳад гашт.

Бар ин асос, аз Қонуни ҷазоии ин кишвар, тавҳину таҳқири шарофат ва ҳайсияти Нурсултон Назарбоев –  раиси ҷумҳури собиқ ва Элбасӣ (раҳбари миллати ин кишвар) лағв хоҳад гашт ва пайгарди қонунӣ надорад.

Ба гуфтаи намояндаи порлумон, Снежанна Имашева, ин тағирот дар қонун – ислоҳияи лағви таъқиб, моҳияти фаннӣ дорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, моҳияти Элбасӣ ва мақоми Элбасӣ дигар вуҷуд надорад ва қонун хосси масунияти Элбасӣ низ вуҷуд нахоҳад дошт ва бинобар ин, порлумон тасмим гирифтааст, онро лағв кунад.

Ба гуфтаи коршиносон ва таҳлилгарон ин иқдоми порлумон, ба унвони қадами аввал барои ба додгоҳ кашондани Назарбоев – раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар, қаламдод шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш, бархе дороиҳои шахсии ӯ дар хориҷ аз кишвар, ба дастури ҳукумати Қазоқистон, ба унвони амволи давлатии ин кишвар, ба нафъи давлати Қазоқистон, тавқиф шуда буд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таълиму тарбият дар ислом-I
Як достони омӯзанда

Матолиби пурбоздид