Маънии мафҳуми тоҷик дар мутуни таърихӣ

Таърих
Маънии мафҳуми тоҷик дар мутуни таърихӣ
Таърих
Луқмон Бойматов
Дар тафсири маънии истилоҳи “тоҷик” набояд зиёдаравӣ кард. Шакк нест, дар манобеъи таърихии қабл аз ислом (портӣ, паҳлавӣ, арманӣ, бизонсӣ, суриёнӣ ва ғ. ) ва низ дар таърихномаҳо ва мутуни ғайри исломӣ (чунончӣ, дар осори хаттии суғдӣ), вожаи “тозик” ё “тоҷик” ба маънии “араб” ва “мусалмон” омадааст.
Ҳамвора дар манобеъи таърихии исломии асрҳои 8-10 ва садаҳои баъд низ суғдиҳо, бохтариҳо, форсҳо, ва ақвоми дигари эронинажодро, ки ба ислом гаравида буданд, “тозик” ва ё “тоҷик” хонда шуданд.
Аз ин пас, мафҳуми “тоҷик” ба тамомии эрониён итлоқ гардида, яъне ба маънии эрониёне, ки динашон ислом аст. Дар ҳудуди Эрони имрӯзин ҳам ин мафҳум ба маънии эронӣ корбурд дошта ва дорад.
Дар мутуни сайёҳон ва сафирони урупоии даврони муғулу темуриёну сафавиён, мафҳуми «тоҷик» бар хилофи араб, турку муғул ба маънии “эронӣ” истифода шудааст. Чунончӣ, де Клавихо дар «Сафарнома»и худ тоҷиконро аз мутамаддинтарин ақвоми Шарқ дида ва давлати нав таъсисдодаи Темурро ба номи «Имперотурии Самарқанд» зикр менамояд.
Ҷолибтарин назари Клавихо дар мавриди тоҷикони асри Темур ин аст, ки ӯ тоҷиконро ба унвони хатарноктарин нирӯ дар баробари Тимур ва муғулон медонад…
Батафсил р. к. ба:
Бойматов Л. Д. ИСТИЛОҲИ «ТОҶИК» ДАР «ТАЪРИХИ ҶАҲОНГУШОЙ»-И ҶУВАЙНӢ.
 «Тўроннома». 2021, № 3, C. 72-85.
PDF in:
Бойматов Л. Д. Клавихо о таджиках. // Туран-наме. 2023. №7-8, С. 93-129.PDF in:
ФБ “Тураника”,
26.04.2024.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хислатҳои нек дар зиндагии хонаводагӣ
БА ҶОЙИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ВА “ТУРКИСТОН” ТӮРОН БИНАВИСЕМ!

Матолиби пурбоздид