Маънои ишқи орифона
Ҳикоятҳои омӯзанда
Чун Мансури Ҳаллоҷро ба зиндон бурданд, ҳаждаҳ рӯз дар зиндон бимонд.
Шиблии ориф назди ӯ омад ва гуфт:
— Ишқ чист?
Ҳаллоҷ посух дод:
— Фардо биё, то бигӯям.
Фардои он рӯз Ҳаллоҷро пойи чӯбаи дор бурданд.
Шиблӣ омад ва гуфт:
— Ҷавоби пурсиши моро бигӯй.
Ҳаллоҷ гуфт:
— Ибтидои он таноб аст ва интиҳои он марги сурх.
(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ)
Қаламонлайн
qalamonline.net













