Паёми Ҳамос ба Ҳизбуллоҳ: “Ба зудӣ дар Қудс бо ҳам намоз хоҳем хонд!”

Паёми Ҳамос ба Ҳизбуллоҳ: “Ба зудӣ дар Қудс бо ҳам намоз хоҳем хонд!”
Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), дар посух ба паёми Ҳизбуллоҳ, зимни қадрдонӣ аз муқовамати Лубнон, таъкид кард, ки дар ин ҷанг қатъан пирӯзӣ насиби онҳо хоҳад шуд ва тасреҳ кард: “Ба зудӣ бо ҳам дар масҷиди мубораки Алақсо бо ҳелҳела ва сарафрозӣ ва такбиргӯён ва шодмон, намоз хоҳем хонд!”
Ба гузориши шабакаи Алманор, машрӯҳи паёми Ҳамос ба шарҳи зерин аст:
“Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
إِنَّ اللَّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنْفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْقُرْآنِ وَمَنْ أَوْفَى بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ وَذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
“Ҳамоно Худо ҷону моли аҳли имонро ба баҳои биҳишт харидорӣ карда. Онҳо дар роҳи Худо пайкор мекунанд, пас (душманони динро) ба қатл мерасонанд ва (ё худ) кушта мешаванд. Ин ваъдаи қатъӣ аст бар Худо ва аҳдест, ки дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон ёд фармуда. Ва аз Худо бовафотар ба аҳд кист? Пас, аз ин муомалае, ки кардед, басе шод бошед, ки ин ба ҳақиқат саодат ва фирӯзии бузург аст.” (Тавба/111)
Бародарони муҷоҳид дар муқовамати исломӣ дар Лубнон!
Паёми шумо расид ва гуфторатон дарёфт шуд ва Шумо, ба Худо қасам, ҳамон тавр, ки фармудед, беҳтарин бародар дар роҳи ҷиҳод ва муқовамат дар роҳи Байтулмуқаддас ҳастед.
Посухи худро аз дили Фаластин, аз миёни овор ва вайронаҳо, аз миёнаи гарду ғубори набардҳо ва мубориза бо душмани шикастхӯрда, ба шумо мефиристем, дар ҳоле, ки руҳи хонаводаҳо, кӯдакон, занон ва бузургони шаҳидамон дар атрофи мо парвоз мекунанд.
Бародарони азиз! Мо ин артиши шикастхӯрдаро нобуд кардем. Мо дидем ва ҳамаи ҷаҳониён диданд, ки ӯ ҳатто аз тори анкабут заъифтар будааст…
Қатли омм ва наслкушии ӯ дар ҳаққи хонаводаҳои ғайринизомии мост. Мо имрӯз мусаммамтар, устувортарем ва дар имон ва яқин ба ин ки пирӯзӣ насиби мост бовармантар. Муҷоҳидони мо дар ин лаҳазот дар ҳоли даргирӣ бо тонкҳо ва худравҳои зиреҳии душман ҳастанд; даргирие, ки афсарон ва сарбозони душман осеб дидаанд ва хун дар рагҳояшон ях мезанад ва аз муҷоҳидони истишҳодии мо мегурезанд.
Мо душманро дар он чи ки атрофи Ғазза номида мешавад санҷидем ва рӯ дар рӯ дидаемаш ва инак ӯ бо дидани мо ва аз наздик шудан ба мо, ба худ меларзад ва пушт мекунад.
Бародарони азизи муҷоҳид!
Мо шоҳиди аъмоли шумо ва ҷиҳоди шумо ва хуни шуҳадои шумо ҳастем, ки бо хуни мо пайванд хӯрдааст. Мо наззорагари тарсу ҳароси душман ҳастем. Шумо ҳамеша устоди набард будед ва ҳастед.
Дар поёни паёми хеш гӯем: мо ва шумо дар ин набард ваъда шудаем, ки пирӯз хоҳем шуд ва мутмаиннем, ки ин, оғози нобудии саҳюнизм аст. Аз Худо мехоҳем, ки ба зудӣ бо ҳам дар масҷиди мубораки Алақсо бо ҳелҳела ва сарафрозӣ ва такбиргӯён ва шодмон, намоз бихонем.
Ба ёрии Худо, ки ёрӣ барои Худо душвор нест
Бародарони шумо, муҷоҳидони муқовамати Фаластин”
Гуфтанист, дирӯз, муқовамати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) паёме ба муқовамати Фаластин фиристода буд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба як «ҳадафи ҳаётӣ»-и режими Исроил дар соҳили Баҳрулмайит 
Сухангӯи Қассом хитоб ба исроилиҳо: Мунтазири ҷасадҳои сарбозони худ бошед

Матолиби пурбоздид