Маънои кор ва талош дар роҳи Худо

Муҳоҷират

Маънои кор ва талош дар роҳи Худо

Сабки зиндагӣ

Достонҳои омӯзанда

Рӯзе Паёмбар (с) бо асҳоби худ нишаста буданд. Паёмбар ҷавони нерӯмандеро дид, ки аввали субҳ машғули кору талош мебошад.

Баъзе аз ҳозирон гуфтанд: Ин шоистаи тамҷид ва ситоиш буд, агар нерӯи ҷавонии худро дар роҳи Худо ба кор меандохт!

Паёмбар (с) фармуд: Чунин нагӯед. Агар ин ҷавон кор мекунад, то ниёзмандиҳои худро таъмин кунад ва аз дигарон бениёз гардад, дар роҳи Худо қадам  бардоштааст. Ва ҳамчунин агар ба нафъи падару модари нотавон ва кӯдакони хурдсолаш кор кунад ва онҳоро аз мардум бениёз созад, боз ҳам дар роҳи Худо қадам бардоштааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афсари Мусод: Тромп дар чанголи Телавив асир аст
Рафтори неку писандида бо мардум

Матолиби пурбоздид