Авомили аслии бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон кадомҳост?

Муҳоҷират

Авомили аслии бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон кадомҳост?

Назари коршинос

Агарчӣ бархе аз коршиносон, фурӯпошии Шӯравӣ ва дар паи он, гусаста шудани робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва низ ҷанги шавҳрвандии солҳои 1992-1997-ро боиси харобии иқтисод ва баста шудани корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва дар паи он, ба муҳоҷирати корӣ рафтани нерӯи аслии корӣ дар Тоҷикистон медонанд, аммо бештари соҳибназарон ва коршиносон мудирияти номуносиб ва тақсими ғайриодилонаи имконотро сабаби аслии ин падида шуморидаанд.

Бар асоси таҳқиқоти коршиносон, корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва дигар ширкатҳои хадамотӣ, асосан 10% ва ҳадди аксар 20%-и нерӯи кории ҷумҳуриро метавонанд бо кор таъмин кунанд; бинобар ин, шумори афроди қобили кор ба саффи муҳоҷирони меҳнатӣ, бар асоси оморҳои расмӣ як миллион ва бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ то беш аз ду миллионро ташкил медиҳанд, ки ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.

Албатта ногуфта пайдост, ки саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди кишвар, бисёр боаҳамият гаштааст.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ, беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик фаъолият мекунанд, ки ҳамасола сармояи зарурӣ барои таъмини хонаводаҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Коршиносон иддао доранд, ки муҳоҷирони корӣ, ҳудуди панҷ миллиард доллар дар сол, маблағ ба кишвар интиқол медиҳанд.

Дар байни кишварҳое, ки иқтисодашон ба даромади муҳоҷирони корӣ вобаста аст, Тоҷикистон ҳамчунон болотарин ҷойгоҳро ба худ ихтисос додааст.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нахустин иҷлоси вузарои кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон баргузор шуд
Оё Шӯравӣ дубора эҳё мешавад?

Матолиби пурбоздид