Мақоми Модар дар каломи нуронии Паёмбар
Мақоми Модар дар каломи нуронии Расули Акрам(с) зиёд таҷлил шуда ва ҳамеша таъкиди он ҳазрат бар некию эҳсон ва эҳтиром нисбат ба Модар будааст:
Имом Содиқ(а) фармуд: Марде хидмати Паёмбари Акрам(с) омад ва гуфт:
Эй Расули Худо, ба чӣ касе некӣ кунам?
Фармуд: Ба модарат! – арз кард – баъд аз ӯ ба чӣ касе?
Фармуд: Ба модарат! – гуфт, – сипас ба чӣ касе?
Фармуд: Ба модарат! – боз суол кард, – сипас ба чӣ касе?
Фармуд: Ба падарат!
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.74, саҳ.49)
Қаламонлайн