Маҳоратҳои зиндагии оилавӣ

Маҳоратҳои зиндагии оилавӣ

Сабки зиндагӣ

Барои он ки дар зиндагии хонаводагӣ ва оилавӣ, мушкилоте пеш наояд, ҳамсаронро лозим аст, ки муносибат ва рафтори хубе бо ҳамдигар дошта бошанд. Бисёре аз ин муносибатҳои хуби ҳамсарон омӯхтанӣ ва ёдгирифтанӣ аст ва аз таҷрибаҳо ва дастуроти равоншиносони ва асотиди ахлоқ, бояд истифода шавад.

Чигунагии сӯҳбат кардан ва чӣ гуна муносибат намудан бо ҳамсар, аз масоилест, ки хуб надонистан ва хуб риоят накардани он, баъзан мушкилотеро борои ҳамсарон ба ҳамроҳ дорад.

Гоҳе надоштани маҳоратҳои иртиботии муносиб яке аз далелҳои ихтилофоти зану шавҳар мешавад.

Ба назар мерасад, бисёре аз зану шавҳарон намедонанд, чӣ тавр бо ҳамсари худ ба равиши дуруст сӯҳбат кунанд, ба сурате ки каломашон, ибрози муҳаббат ва эҳтиромашон барои ба ҳамдигар наздик шудан, кумаки бештаре кунад.

Барои доштани чунин гуфтугӯ ва сӯҳбатҳои дурусту муфид бо ҳамсар, бояд иттилооти худро дар ин замина афзоиш диҳем, то дар зиндагиамон ва рафтор бо ҳамсарамон сафои беҳтару бештаре бахшад.

Сӯҳбат бо ҳамсар чӣ гуна бояд бошад?

Дар идомаи матлаб, масоилеро, ки бояд дар сӯҳбатҳову гуфтугӯҳоямон бо ҳамсар дар назар гирифта шавад, шарҳ хоҳем дод. Албатта шояд риояти онҳо кори сахте бошад, аммо агар кам-кам онҳоро тамрин кунем, робитаи беҳтаре хоҳем дошт ва бо ин кор метавонем аз бисёре аз ихтилофот дар зиндагӣ, пешгирӣ кунем.

1 – Эҳтиром гузоштан

2 – Доштани самимият

3 – Ба ҳарфҳои ҳамдигар гӯш додан

4 – Доштани садоқату ростӣ дар зиндагӣ

5 – Эътимод кардан ба ҳамсар; бояд мо (зан ва шавҳар) дар ҳамаи заминаҳо ба ҳамсарамон боварии комил дошта бошем

6 – Ба ҳамсараи худ тӯҳмат назанем, бадгумониро аз зиндагии худ дур кунем

7 – Бо беҳтарин ва хуштарин лаҳн бо ҳамсарамон гуфтугӯ кунем

8 – Дар бораи ҳамаи чиз бо ҳамсарамон сӯҳбат кунем

9 – Доштани робитаи чишмӣ – аз заруриёти иртиботи занушавҳарист

10 – Чашмпӯшӣ аз иштибоҳоти ҳамдигар.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хотироти Аҳмади Дониш аз Русия
Ҳар чи мехоҳӣ бош, аммо одам бош!

Матолиби пурбоздид