Холид Машъал: “Афсарони омрикоӣ раҳбарии ҳамлаи заминӣ ба Ғаззаро бар ӯҳда хоҳанд гирифт”

Холид Машъал: “Афсарони омрикоӣ раҳбарии ҳамлаи заминӣ ба Ғаззаро бар ӯҳда хоҳанд гирифт”
Ба нақл аз Аljazeera
Холид Машъал бо баёни ин ки ҷанги заминӣ дар навори Ғазза мунҷар ба як марҳилаи хатарнок мешавад, гуфт: “Омрико дар ин набард мушорикат дорад, зеро нерӯи “Делто”-и омрикоӣ ба ҳамроҳи артиши ишғолгар дар ин ҷанг ҳузур доранд.”
Ба гузориши Алҷазира, Холид Машъал, раиси Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин таъкид кард: ”Имрӯз Вошингтун бо барномарезӣ ва мудирияти муштарак ва мушорикат дар набард, барои таҳаққуқи як ҷанги заминӣ талош мекунад, зеро Исроил таҳаммули хасорот ва талафоти мушобеҳи 7 октябрро надорад.”
Раиси Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин тавзеҳ дод: “Вошингтун дар се масир ҳаракат мекунад: аввалин масир, адами мудохилаи заминӣ ба Ғазза буд ва фурсати тӯлонӣ ба Исроил эъто шуд, то аз тариқи ҳаво ба Ғазза ҳамла кунад.”
Машъал ба изҳороти Бойден, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ишора кард, ки мехоҳад улгуи Мусил ва на Фаллуҷа (дар Ироқ)-ро пиёда кунад, зеро ҳазинааш камтар аст ва ба манзилаи нобудии фарогир барои боло бурдани парчами сафед аст ва ин амр хатарнок аст.
Машъал идома дод: “Роҳи дуввум, мудохилаи Вошингтун бо коршиносонаш аст, зеро лашкари “Делто” мутахассиси озодсозии гаравгонҳо ва ҳамчунин дарбаргирандаи женеролҳо ва муҳиммоти мудерн барои нуфуз ба умқ ва истифода аз силоҳи гози аъсоб аст, ки размандагони муқоваматро дар тунелҳо барои муддате фалаҷ мекунад, чаро ки онҳо ба қудрати мо дар тунелҳо пай бурдаанд.”
Вай афзуд: “Аммо роҳи севвум, баъд аз итмоми масирҳои аввал ва дуввум хоҳад буд ва як барномаи токтикӣ барои вуруд ба дарёст, ки аз шимол ё ба сурати камарбанд ё нуфузи густурда анҷом мешавад. Дар ин замина талошҳои озмоишӣ дар шарқи Хон Юнус дар ду рӯзи гузашта вуҷуд дошт.”
Ин раҳбари Ҳамос мӯътақид аст, ки “як ҷанги заминӣ дар роҳ аст ва онҳо ба таври ҷомеъ барои коҳиши талафот ва мумонаъат аз зарбаи дуввум (пас аз аввалин зарба дар 7 октябр) барномарезӣ мекунанд.”
Машъал дар мавриди фазои дохилии сарзаминҳои ишғолӣ низ гуфт, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир наметавонад бидуни пирӯзӣ ҷангро мутаваққиф кунад ва мавзӯъ бо як бӯҳрони дохилӣ ба ӯ бармегардад, зеро бо фасод мувоҷеҳ аст ва бо вуҷуди басиҷи ҳамаи нерӯҳо ҳеч пирӯзие ҳосил нашудааст ва дар ҳоли ҳозир музокирот барои озодии зиндониён бештар бо боз кардани гузаргоҳҳо ва коҳиши мавҷи ҳадафгириҳои сиёсӣ ва расонаӣ дар ҳоли анҷом аст.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

VOA News: Нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия, Ироқ ва баҳри Сурх 17 бор мавриди ҳамла қарор гирифтанд
Чӣ тавр ва чаро ҳамлаи заминии Исроил ба Ғазза шикаст хоҳад хӯрд? 

Матолиби пурбоздид