Меҳри модар

 

Меҳри модар

Равоншод Эраҷи Мирзо ҳикояти бисёр зебоеро ба назм даровардааст, ки дар он, авҷи меҳри модарӣ ба фарзанди номеҳрубонаш дида мешавад. Дар ин ҳикоят ҷавоне ошиқ, бо гӯш фаро додан ва пайравӣ кардан аз суханони кинатӯзонаи маъшуқааш, бо модараш номеҳрубонӣ мекунад. Аммо мешавад модар аз фарзанди хеш дил биканад?

Ҳикоят бисёр зебост ва ниёз ба шарҳ ҳам надорад. Достон аз ин қарор аст, ки маъшуқа ба ошиқи худ чунин пайғом медиҳад, ки байни васли ман бо ту як монеъ вуҷуд дорад, ки модари туст. Ӯ бо ман миёнаи хубе надорад. Ҳамеша бар ман чеҳра турш мекунад, нигоҳаш ба ман ғазаболуд аст. Бинобар ин, агар мехоҳӣ бо ҳам бошем, дили модаратро бидарон ва ба ман биёвар ва онгоҳ ҳамеша бо ҳам хоҳем буд:

Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом

Ки кунад модари ту бо ман ҷанг

Ҳар куҷо бинадам, аз дур кунад

Чеҳра пурчину ҷабин пурожанг

Бо нигоҳи ғазаболуд занад

Бар дили нозуки ман тири хаданг

Модари сангдилат то зинда аст

Шаҳд дар коми ману туст шаранг. (талх)

Нашавам якдилу якранг туро

То насозӣ дили ӯ аз хун ранг

Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ

Бояд ин соат бехавфу диранг

Равиву синаи тангаш бидарӣ

Дил берун орӣ аз он синаи танг

Гарму хунин ба манаш бозорӣ

То барад зи ойинаи қалбам занг…

Ошиқи бехирад ва фосиқ, ки ишқи маъшуқа чашмонашро кӯр карда буд, гӯш ба суханони ин зани шайтонсифат дод ва рафт модарро ба замин афканд ва синаи модар бидарид ва дили ӯ берун овард ва ба каф гирифт ва шитофт ба сӯйи маъшуқаи худ, то ба ӯ дили модар бидиҳад. Аммо дар миёни роҳ пояш лағжид ва ба замин афтод ва дили модар ҳам, ки ҳанӯз ҷон дошт, аз дастонаш афтод. Фарзанди нохалаф вақте аз замин бархост ва дар пайи бардоштани он дил шуд, ин оҳанг аз дил берун омад, ки: “Оҳ! Дасти писарам харош ёфт! Вой! Пойи писарам ба санг хӯрд!”

Ошиқи бехиради ноҳанҷор

На, бал он фосиқи беисмату нанг

Ҳурмати модарӣ аз ёд бибурд

Хира аз бодаву девона зи банг

Рафту модарро афканд ба хок

Сина бидриду дил овард ба чанг

Қасди сарманзили маъшуқ намуд

Дили модар ба кафаш чун норанг

Аз қазо хӯрд дами дар ба замин

В-андаке суда шуд ӯро оранг

В-он дили гарм, ки ҷон дошт ҳанӯз

Уфтод аз кафи он бефарҳанг

Аз замин боз чу бархост намуд

Пайи бардоштани он оҳанг

Дид, к-аз он дили оғушта ба хун

Ояд оҳиста бурун ин оҳанг:

“Оҳ, дасти писарам ёфт харош

Вой, пойи писарам хӯрд ба санг!”

(istaravshani.com)

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаластиниҳо намози таровеҳро дар Масҷидулақсо баргузор карданд
Дарро ба рӯям бастӣ…

Матолиби пурбоздид