Нигоҳи тафриқаҷӯёна ва нигоҳи ваҳдатхоҳона

Нигоҳи тафриқаҷӯёна ва нигоҳи ваҳдатхоҳона

Тафриқаҷӯӣ ва ваҳдатхоҳӣ

Нигоҳи афрод ба ҷомеа ду гуна аст: нигоҳе тафриқаҷӯёна ва нигоҳе ваҳдатхоҳона.

Ҳол, мехоҳам дар бораи ҳар як аз ин ду нигоҳ андаке ба тафсил сӯҳбат кунам.

Нигоҳи тафриқаҷӯёна

Чашмони ин даста аз афрод фақат фарқҳо ва ихтилофҳоро мебинад ва аз дидани нуқоти муштарак оҷиз аст. Ин афрод ҳамеша ба дунболи нуқоти ихтилоф ҳастанд, то онро баҳона қарор дода, тафриқа биандозанд. Муҳим нест он нуқтаи ихтилоф чӣ бошад, ҳамин ки байни худ ва касе фарқе бибинанд, бедиранг онро асбоби душманӣ қарор медиҳанд ва дар садади ҳазфи он “душман“ бармеоянд.

Мутаассифона, ин манфинигарӣ ва тафриқаҷӯӣ поёне надорад. Зеро аз он ҷо, ки ҳамеша байни афроди башар ихтилофоти табиӣ ва ғайри табиӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ барои ин афрод ҳамеша асбоби душманӣ ҳам фароҳам аст.

Агар касе бо эшон ихтилофи динӣ дошта бошад, аз назари ин афрод ӯ душмани динашон аст, агар ихтилофи мазҳабӣ дошта бошад, душмани мазҳабашон, агар ихтилофи сиёсӣ дошта дошад, душмани сиёсиашон, агар ихтилофи нажодӣ дошта бошад, душмани миллаташон. Ва масхаратар аз ҳама ин аст, ки барои душманӣ кардани инҳо ҳатто ихтилофи маҳал ҳам кифоят мекунад, бинобар ин, агар касе аз маҳалли дигаре бошад, аз назари ин афрод ӯ душмани маҳаллашон аст.

Агар ҳеч кадом аз ин ихтилофот дар миён набуд ва касе ҳамдину ҳаммазҳаб ва ҳаммиллату ҳаммаҳали ин афрод буд, мераванд суроғи фарқҳои дигар ва то замоне ки фарқе байни худ ва он кас пайдо накунанд, оромиш ва осоиш нахоҳанд дошт.

Ин манфинигарӣ ва душманпиндорӣ дарде аст бедармон, ба ҳадде ки агар фақат ду нафар аз ин афрод боқӣ бимонанд, боз байни худ ихтилофе пайдо мекунанд ва бо ҳам ба душманӣ мепардозанд.

Бинобар ин, чунин афрод ҳаргиз ба оромиш нахоҳанд расид, чун ҳамеша нуқтаи ихтилофе вуҷуд дорад, ки онҳоро водор ба душманӣ мекунад.

Нигоҳи ваҳдатхоҳона

Дар муқобил, касоне ҳам ҳастанд, ки ҳамеша ба дунболи нуқоти муштарак мегарданд, то ҳамонро баҳонае барои тарҳи дӯстӣ ва ҳамзистӣ қарор диҳанд. Нигоҳи чунин инсонҳо ба ҳастӣ, нигоҳи тавҳидӣ аст, чун мабдаи ҳастиро ягона медонанд, ҳамеша дар ҳар ихтилофе осори он ваҳдатро мушоҳида мекунанд ва нуқтаҳои ихтилофро ба нуқтаҳои иттифоқ бармегардонанд.

Бар хилофи дастаи аввал, пайваста ин афрод дар оромиш ба сар мебаранд, зеро меваи ваҳдат ва ягонагӣ улфат ва дӯстист.

Натиҷаи дигари ин тарзи нигоҳ ин аст: ихтилофоти байни афроди ҷомеа на фақат ҳаргиз ба кашмакаш ва душманӣ мунҷар намешавад, балки хеле зуд роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Зеро он ихтилофот ё ихтилофоти табиӣ ва салиқаӣ аст ва ё эътиқодиву сиёсӣ. Агар ихтилоф табиӣ ва ё салиқаӣ буд, ки мояи танаввуъ ва мазҳари зебоист ва агар эътиқодӣ ва сиёсӣ бошад, мояи таҷриба ва таъомул мегардад.

Фарз кунед, ду нафар бо ҳам ихтилофи эътиқодӣ доранд, агар ин афрод манфинигар ва тафриқаҷӯ бошанд, ҳар ду нисбат ба якдигар гумони бад хоҳанд дошт, дар натиҷа ҳаргиз ҳарфҳои ҳамдигарро бовар нахоҳанд кард. Дар натиҷа баҳсу гуфтугӯи онҳо на танҳо аз ихтилофи онҳо чизе нахоҳад кост, балки баръакс боиси афзоиши ихтилоф ва мӯҷиби душманӣ байни онҳо хоҳад шуд.

Вале агар он ду нафар мусбинигар ва ба дунболи ёфтани нуқоти муштарак бошанд, хеле зуд байни ҳам забони муштарак пайдо хоҳанд кард ва ин забони муштарак боиси наздикӣ ва дӯстӣ байни онҳо хоҳад шуд. Вақте байни ду нафар улфат ва дӯстӣ барқарор бишавад, худ ба худ гумони бад ва суизанн ҳам аз миёнашон меравад, дар натиҷа вақте яке аз онҳо хатои дигариро тазаккур диҳад, бо эътимод онро мепазирад ва хатои худро бартараф менамояд.

Вақте мо ба оёти шифобахши Қуръони Карим нигоҳ мекунем, ин оёт ихтилофоти байни башарро амре оддӣ қаламдод мекунад ва моро ҳушдор медиҳад, ки мадобо ин ихтилофот мӯҷиби тафриқа байни шумо бишавад, балки баръакс ин ихтилофот бояд мояи шиносоӣ ва ошноӣ байни мардум гардад. Бинобар ин, Қуръони Карим ихтилофи байни мардумро амре мусбат, вале тафриқа байни ҳамро ба шиддат накӯҳиш мекунад.

Хулоса, мусбинигар бошем на манфинигар. Нигоҳе ваҳдатхоҳона дошта бошем, на тафриқаҷӯёна.

Маҳмудхон Бурҳонов

Mizonblog

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳдиди Ҳизбуллоҳи Ироқ алайҳи манофеи Омрико
Тазоҳурот дар шаҳрҳо ва кишварҳои ҷаҳон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Ғазза

Матолиби пурбоздид