Мирзонабии Холиқзод: Марзи номус то куҷост?

Муҳоҷират

Мирзонабии Холиқзод: Марзи номус то куҷост?

Ёддоште аз Мирзонабии Холиқзод

Ozodi

“Оҳиста, эҳтиёт кунед, дуруст доред, оҳиста равед, оҳиста,” — ин ҳарфҳоро як марди солхӯрда бо илтиҷо ба афроде мегуфт, ки тобути оҳаниро аз фурудгоҳи Душанбе берун мебурданд. Дар ин тобути оҳанин ҷасади 51-умин зани тоҷик мехобид, ки дар Русия бар асари беморӣ даргузаштааст.

Лаҳзаҳое, ки тобут рӯ-рӯи дастҳо нарм мелағжиду поён меомад, навҳаи духтарону кӯдакон ва пайвандони ин зан дар фазои фурудгоҳи пуриздиҳоми Душанбе мепечид.
Ба пешвози дӯсте ин ҷо омадаву шоҳиди ин саҳнаи дилгудоз шудам ва чанд рӯз гиряву нолаҳои пурдард дар гӯшам садо медоду беихтиёр чеҳраҳои аз ғам сиёҳгашта ва пажмурдаи кӯдакон пеши назарам буд. Модари онҳо пешашон баргашт, аммо чӣ бозгаште!
Як корманди одии фурудгоҳ дар он лаҳза ба ман нигоҳ карду гуфт, ки «шояд ту бори аввал ин аҳволро дидӣ, вале мо коргарони фурудгоҳ ҳар субҳ дар ҳар хатти парвози Маскав–Душанбе як ё ду тобутро ба наздикони фавтидаҳо медиҳем. Ва ин барои мо як амри маъмулӣ шудааст, ки одат кардаем. Ин аҳвол чанд сол аст, ки идома дорад. Солҳои пеш тобутҳо боз бештар буданд…”
Вале чаро ман мегуям, ки тобути 51-умин, зеро пас аз ин манзара тақрибан дар ҳафтаи гузашта Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилӣ расман иттилоъ дод, ки дар даҳ моҳи соли гузашта 680 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия оварда шуд. Дар ин миён 51 ҷасади зани тоҷик низ ба Душанбе расонида шудааст.
Онҳо бо сабабҳои мухталиф ҷон додаанд. Яке бар асари беморӣ, дигаре бар асари садама ва дигаре бо зарби ханҷари скинҳед ва шояд дигаре бо зарби тозиёнаи милисаи Русия кушта шудааст.
Сафҳаи интернетии Фергана.ру ҳам навиштааст, ки дар нисбати як соли пеш дар соли 2009 ба теъдоди 64 тобут бештар вориди Тоҷикистон шудааст ва онҳам танҳо аз тариқи ҳавопаймо.
Қаблан дар бораи тобути занони тоҷик ё иттилоъ намедоданд ва ё шумораи хеле кам нишон медоданд. Ҳоло маълум мешавад,ки ҳамроҳ бо мардҳои тоҷик занон низ бо вуҷуди хатари зиёд дар гӯшаву канори Русия бо кори сиёҳ машғуланд ва барои таъмини хонаводаҳои худ ҷонбозӣ мекунанд.
Теъдоди афзоянда ва давомдори тобутҳои шаҳрвандони Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Вазорати кори ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷии ин кишвар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилӣ дар ин чанд сол тавони танзими муҳоҷирати кориро, ки гӯё як раванди бебозгашт шудааст, надоранд.
Вале талхтар аз ҳама ин аст, ки интиқоли тобутҳо ба як хабари маъмулӣ ва куштору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил меёбад.Чаро?
Имрӯз сохтмони Роғун марзи нангу номуси тоҷикҳо эълон шудааст ва дуруст аст, ки Роғун арсаи нанг хоҳад буд, вале марзи номус миллии ҷомеаи Тоҷикистон набояд дар ин маҳдуда бимонад. Марги занони тоҷик дар Русия, дидани тобути онҳо магар марзи номус нест?
Магар пиндору номуси мо ба ин ҳам одат мекунад, ки акнун ҳалокати зани тоҷик дар Русия як рӯйдоди қаторӣ шавад. Охир зан модар аст. Вазифаи ӯ нест ба думболи ризқ рафтан ва ноновари хона будан. Бетаваҷҷӯҳӣ ба ин падида шабеҳи пой гузоштан ба рӯи ҷасади модар аст…
Ойбек Иброҳимови 37-сола, ки дар Русия “мардикор” буд барои дар фасли зимистон ҷамъ овардани ҳезум ба хонааш ба деҳаи Заркамари Исфара омад. Вай ҳамроҳи ҳамсараш Зарифаи 34-сола ба ҳезумчинӣ мераванд ва дар минаҳои Узбакистон таркида, ҳарду ҷон медиҳанд. Ҷасадҳои ин ду ҷавон як шаб дар ҷои инфиҷор монд. Зеро мардуми ҷамъшуда аз тарси таркиши навбатии минаҳо наметавонистанд ба ҷасадҳо наздик шаванд. Ин ҳол то чанд соати рӯзи баъд идома кард. Аз инҳо ду фарзанди хурдсол ятим монд.
Ва кушта шудани сокинони Тоҷикистон чӣ калонсолу чӣ хурдсол дар минаҳои Узбакистон идома дорад. Даҳ соли ахир даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳи мо аз ин минаҳо кушта шудаанд, вале ниҳодҳои масъули ҳукумати Тоҷикистон то кунун интизоранд, ки кай созмонҳои байналмиллалӣ меоянду бо Тошканд забон меёбанду минаҳоро аз мавзеъҳои марзӣ поккорӣ мекунанд.
Бигӯед, ин марзи номус нест? Роғун ҷои нанг ҳаст, вале марзи номус фаротар аз он…

Ozodi

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қадршиносии вақт ва замон
Фабрикаи марг

Матолиби пурбоздид