Муҳоҷирати густардаи парасторон ва пизишкон

Муҳоҷират

Муҳоҷирати густардаи парасторон ва пизишкон

Муҳоҷират

Бар асоси хабарҳои мунташиршуда, солҳои ахир, теъдоди табибоне, ки барои музди меҳнатии болотар кишварро тарк кардаанд, бештар шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, низоми саломат ва тандурустии Тоҷикистон ба ислоҳоти густардае ниёз дорад.

Барасоси гуфтаҳои вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддан Абдуллозода, танҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, беш аз шашсад табиб ва 1350 парастор (ҳамшираи шафқат) кишварро ба мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ тарк кардаанд.

Далели муҳоҷирати густардаи кормандони саломат ва тандурустӣ, ба гуфтаи Абдуллозода имтиёзҳо ва ҳуқуқ ва маоши боло дар кишварҳои дигар баршуморда шудааст.

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон ҳануз ҳам ба табибони соҳибтахассус ниёз дорад ва ба камбуди табибон ишора намудааст.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикмат: Дунё барои кист?
Ҳикояти Анушервон ва ғуломаш

Матолиби пурбоздид