Молики Telegram: Иттиҳодияи Урупо ба дунболи сонсури озодии баён аст
Ахбори байналмилал
Павел Дуров, Иттиҳодияи Урупоро ба сонсури озодии баён ва ҳадафгирии шабакаҳое, ки аз сонсур худдорӣ мекунанд, муттаҳам кард.
Павел Дуров, муассиси Telegram, Иттиҳодияи Урупоро муттаҳам кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, мизбони суханони мухолиф ё интиқодиро ба сурати ноодилона ҳадаф қарор медиҳад.
Ӯ дар вокуниш ба ёддоште аз Илон Маск, молики X, ин изҳоротро матраҳ кард. Маск дар соли 2024 иддао карда буд, ки Урупо ба Х як “қарордоди маҳрамонаи ғайриқонунӣ” пешниҳод дода, то дар муқобили сонсури бархе изҳори назарҳо, аз ҷарима шудани Х худдорӣ кунад.
Дуров дар ёддошти худ дар Х навишт: “Иттиҳодияи Урупо қавонини сахт ва ғайри воқеъбинонаеро бар ширкатҳои фанноварӣ таҳмил мекунад, то битавонад онҳоеро, ки аз тақозоҳои сонсури хомӯш пайравӣ намекунанд, муҷозот кунад”.
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Урупо шабакаҳоеро ҳадаф мегирад, ки мизбони суханони номатлуб ё мухолиф (монанди Telegram, Х, Тик-Ток) ҳастанд, дар ҳоле, ки шабакаҳое, ки ба сурати алгоритмӣ мардумро сокит мекунанд, умдатан бидуни пайгард мемонанд.
Ӯ ҳамчунин ба боздошти худаш дар Фаронса дар соли гузашта ишора кард, ки онро бо ангезаи сиёсӣ хонд.
qalamonline.net
Қаламонлайн












