Моҳвора ва ҳушвора

Фарҳанг

Моҳвора ва ҳушвора

Ёддошти Умеди Ҷайҳонӣ

Дар соли 1957 донишгарони шуравӣ бо партоб ва қарор додани дастгоҳи инсонсохт дар мадори Замин, асри кайҳонро оғоз карданд. Онҳо ин дастгоҳро, ки монанди моҳ ба гирди Замин мечархид, ба забони русӣ «искусственный спутник Земли» номиданд, ки дар Тоҷикистон «радифи маснуии Замин» ва «ҳамсафари сунъии Замин» тарҷума шуда буд.

Инглисизабонҳо ин гуна дастгоҳро artificial satellite номиданд, ки сипас кӯтоҳ шуду satellite гашт. Русҳо низ онро кӯтоҳакак «спутник» хонданд, аммо дар Тоҷикистон ҳамчунон «радифи маснуи Замин» мегуфтанд.

Дар Эрон нахуст онро «қамари маснуӣ» номиданд, вале чун ин ном дарозу нозо буд, онро «моҳвора» хонданд ва онро дар баробари artificial satellite, satellite = спутник : искусственный спутник земли ниҳоданд ва чунин таъриф карданд:

«Моҳвора — кайҳонпаймои сохти башар аст, ки барои ҳадафҳои илмӣ, мухобиротӣ, низомӣ ва ҷуз он дар мадоре бар гирди Замин ё Моҳ ё сайёраи дигаре қарор мегирад».

Акнун дигар касе дар Эрон моҳвораро «қамари маснуъӣ» наменомад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон низ истилоҳи «моҳвора» ҷойгузини «радифи маснуи Замин» шуд.

Аммо «ҳуши маснуӣ» ин бахтро надоштааст.

Дар Эрон аз 50 – 60 сол пеш дар заминаи ҳуши мошинӣ (machine intelligence) кор мекунанд ва шохае аз улуми роёнаӣ барои шабеҳсозии ҳуши табиӣ дар мошинро «ҳуши маснуӣ» номиданд, ки баробар бо «artificial intelligence, AI» ва «искусственный интеллект» аст.

Вале дар Тоҷикистон ин истилоҳро дар қиёс бо баргардони нодурусти «интеллектуальная собственность» ба «моликияти зеҳнӣ» (на «моликияти фикрӣ») «зеҳни сунъӣ» тарҷума карданд.

«Зеҳн» баробари «интеллект» нест, зеро чунин маъно дорад:

  1. маҷмуаи унсурҳое дар мағз, ки фаъолиятҳое чун эҳсос, идрок, ирода, истиқлол, тафаккур, таҷассум ва ёдовариро мумкин мекунад;
  2. он бахш аз мағз, ки уҳдадори чунин фаъолиятҳое аст.
  3. маҷозӣ. ҳофиза.

Бино бар ин, «зеҳни сунъӣ» баробари дурусти истилоҳи «искуственный интеллект» нест.

Баробари «интеллект» дар забони мо «ҳуш» аст, ки ин маъноҳоро дорад:

  1. тавоноии ба кор гирифтани огоҳиҳо барои рӯёрӯӣ бо муҳит ё андешидан ба сурати интизоӣ;
  2. тавоноии омӯхтан, фаҳмидан ё рӯбарӯ шудан бо вазъиятҳои тоза ё душвор;
  3. омодагии зеҳн барои пардозиши додаҳои ҳиссӣ ё дарёфти огоҳӣ аз ҷаҳони перомун.

Аз ин рӯ, баробари дурусти истилоҳоти «artificial intelligence» ва «искусственный интеллект» дар забони мо «ҳуши маснуӣ» аст.

Аз онҷое, ки ин истилоҳот дар гуфтору навиштори илмӣ рӯзафзун ба кор мераванд, истилоҳи инглисӣ кӯтоҳ шудаву AI навишта мешавад.

Дар забони форсӣ низ ба далели дарозу нозо будани ибораи «ҳуши маснуӣ» аз чанде пеш онро «ҳушвора» мегӯянд, ки дар қиёс бо ҳамон «моҳвора» сохта шуда, ки – вора дар он пасванди монандӣ аст, яъне ҳуши маснуӣ монанд ба ҳуши табиӣ ё инсонӣ аст. Ба дигар сухан, тавоноии роёна барои тақлиди рафтори ҳушмандонаи инсонро «ҳушвора» меноманд.

Донишҳои пешрафта истилоҳоти дақиқу зоё месозанд то дар вожасозӣ барои мафҳумҳои дигар коромад бошанд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ироқчӣ: Ба Амрико эътимод надорем, музокирот метавонад фиреб бошад
Нигоҳе ба зиндагӣ ва шахсияти Иммануил Конт

Матолиби пурбоздид