“Мо дар ҳоли боз кардани дари ин ду “Сандуқи Пандора” ҳастем”

“Мо дар ҳоли боз кардани дари ин ду “Сандуқи Пандора” ҳастем”
Мақолае бисёр ҷолиб аз Томас Фридман (Thomas Friedman) дар рӯзномаи New York Times
Ишора: Томас Фридман, сутуннависи рӯзномаи New York Times, таҳлилгар ва нависандаи сиёсии яҳудитабори омрикоӣ аст. Ӯ се бор барандаи ҷоизаи Pulitzer ба унвони сутуннависи ҳафтагии New York Times барои пӯшиши хабарии ҷанг дар Лубнон, ахбор ва таҳаввулоти “Исроил” ва таъсири ҷаҳонии теруризм шудааст. Ӯ матолиби зиёде дар мавриди умури хориҷӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, Ховари Миёна, ҷаҳонӣ шудан ва масоили зистмуҳитӣ навиштааст.
Фридман дар ин мақолаи ҷадиди худ менависад:
“Луғатномаи Merriam Webster хотирнишон месозад, ки “Сандуқи Пандора” (Ящик Пандоры) ҳар чизе аст, ки маъмулӣ ба назар мерасад, аммо мумкин аст натоиҷи зарарноки ғайриқобили пешбинӣ эҷод кунад. Ман ҷадидан дар бораи сандуқҳои Пандора бисёр фикр мекунам, зеро мо Хомо сапиенс (Homo sapiens)-ҳо (инсонҳои хирадманд) дар ҳоли анҷоми коре ҳастем, ки пештар ҳаргиз анҷом надода будем: мо дар ҳоли боз кардани дари сандуқҳои Пандораи ғулпайкар ҳастем бидуни он ки ҳеч фикре дар мавриди он чи метавонад берун биёяд, дошта бошем.
Яке аз ин сандуқҳои Пандора, “ҳуши маснуӣ” аст ва намунаҳое монанди Chat Gpt, Bard ва Alpha Fold. Инҳо барои аввалин бор гувоҳӣ бар тавоноии башар аст дар сохти чизҳо ба равиши Худогуна; бисёр фаротар аз қудрати мағзӣ, ки бо он ба таври табиӣ такомул ёфтаем.
Сандуқи Пандораи дигар, “тағйироти обуҳавоӣ” аст ва мо инсонҳо барои нахустин бор худро ба равиши Худогуна аз як давраи обуҳавоӣ ба асри дигаре ҳидоят мекунем. То пеш аз ин чунин нерӯе маҳдуд ба нерӯҳои табиӣ дар мадори замин ба даври хуршед буд.
Замоне, ки ба таври ҳамзамон дари ин ду сандуқи Пандораро боз мекунем, бароям ин пурсиши бузург матраҳ мешавад: барои мудирияти чунин вазъияте, чӣ муқаррарот ва ахлоқеро бояд вазъ кунем?
Биёед бо ин мавзӯъ рӯ ба рӯ шавем. Мо мутаваҷҷеҳ нашудем, ки чӣ қадр шабакаҳои иҷтимоӣ дар тазъифи ҳақиқат ва эътимод (ду сутуни ҷомеаи озод) истифода мешаванд! Бинобар ин, агар ба ҳуши маснуии тавлидкунанда наздик шавем ва бори дигар бо бетаваҷҷӯҳӣ ва бо шиори бепарвои Марк Сукерберг яъне “сареъ ҳаракат кун ва чизҳоро бишкан” ҳамроҳ шавем, хеле сареътар, сахттар ва амиқтар аз тасаввур, хоҳем шикаст.
Замоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шуданд, тахайюл шикаст хӯрд ва пас аз он, посухгӯии масъулона ба паёмадҳои ғайриқобили тасаввур дар зиндагии миллиардҳо нафар низ шикаст хӯрд. Ба назарам, бо такя бар ин тафаккури утопиявӣ, мо замони қобили таваҷҷӯҳ ва ҳамчунин роҳи худро аз даст додем. Тафаккуре, ки мӯътақид аст, сирфан чизҳои хуб аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳосил мешаванд; ин ки гӯӣ шабакаи иҷтимоӣ танҳо барои барқарории иртибот бо мардум ва расондани садои онон мавриди истифода қарор мегирад. Ба ин тартиб, наметавонем аз ӯҳдаи шикастҳои мушобеҳ бо ҳуши маснуӣ баройем.
Дар натиҷа, зарурати фаврӣ, ахлоқӣ ва қонунӣ вуҷуд дорад, ки фанноварии ҳуши маснуӣ сирфан бояд барои такмил ва иртиқои он чи моро мунҳасир ба фард месозад, мавриди истифода қарор гирад. Наметавонем насли дигаре аз фаъолони арсаи фанновариро бипазирем, ки бо “бетарафии ахлоқӣ” дар бораи ҳуши маснуӣ мегӯянд: “Ҳей бачаҳо! Мо сирфан як платформа ҳастем”.
Мо дар ин бора бояд ҷасур ва масъулиятпазир бошем. Ҷеймс Манюку, сарпарасти гурӯҳи фанноварӣ дар Google, дар ин бора ба ман гуфт: “Далели ҷасур будан ин аст, ки дар бисёре аз арсаҳо дар ҳуши маснуӣ ин зарфият вуҷуд дорад, ки ба афрод дар анҷоми корҳои рӯзмарра кӯмак карда ва бо бархе аз бузургтарин чолишҳои башарият монанди муроқибатҳои беҳдоштӣ муқобила кунад ва иктишофоти илмии ҷадид ва навовариҳо ва дастовардҳоеро, ки мунҷар ба равнақи иқтисодӣ мешавад, дар ихтиёрамон қарор диҳад”.
Ӯ афзуд, ки ҳуши маснуӣ метавонад ин корро бо фароҳам сохтани дастрасии афрод дар ҳама чиз анҷом диҳад. Афроди бештаре метавонанд беҳтарин кӯмакҳо ва беҳтарин посухҳоро барои беҳбуди зиндагии худ дарёфт кунанд.
Манюку афзуд, аммо мо низ бояд масъул бошем. Нахуст он ки ин абзорҳо бояд ба таври комил бо аҳдофи башарият ҳамоҳанг шаванд. Дуввум он ки ин абзорҳо дар дастони иштибоҳ метавонанд садамоти зиёдеро ворид кунанд, чӣ дар мавриди иттилооти нодуруст сӯҳбат кунем, чӣ дар мавриди мавориди ҷаълӣ ё нуфузи ҳаккерӣ. Воқеият он аст, ки одамҳои бад ҳамвора аввалин пазирандагон ҳастанд.
Манюку тавзеҳ дод, ки дар ниҳоят муҳандисӣ то ҳадде аз илм ҷилавтар аст; ба ин маъно, ки ҳатто афроде, ки ин моделҳои ба истилоҳ забони бузургро, ки зербинои маҳсулоте монанди Chat Gpt ва Bard аст-ро ба вуҷуд овардаанд, ба таври комил наҳваи кор ва мизони комили қобилиятҳои он забони бузургро намедонанд. Мо метавонем ҳуши маснуиро бо тавоноии фавқулъодае муҳандисӣ кунем.
Системҳое, ки метавонанд чанд намуна аз ҳисоб, ё як забони нодир ё тавзеҳи латифаҳоро нишон диҳанд, пас аз он қодир хоҳанд буд корҳои бештареро анҷом диҳанд.
Ба иборати дигар, мо ҳанӯз ба таври комил намедонем, ки ин системҳо то чӣ андоза қодир ҳастанд корҳои хуб ва бадро анҷом диҳанд. Бинобар ин, ба бархе муқаррарот ниёз дорем, аммо ин муқаррарот бояд бо диққат танзим ва иҷро шаванд.
Бо ин вуҷуд, як қонуни яксон барои ҳамагон муносиб нест. Чаро? Хуб, агар беш аз ҳама чиз дағдағаатон шикаст додани Чин дар арсаи ҳуши маснуӣ дар муқобили Омрикост, қатъан тасмим хоҳед гирифт навоварии ҳуши маснуиро бештар густариш дода ва тақвият кунед ва бо суръати бештаре ин корро анҷом хоҳед дод.
Агар мехоҳед ҳуши маснуиро воқеан демукротик кунед, мумкин аст бихоҳед коди онро (рамзи онро) боз кунед. Бо ин вуҷуд, ин метавонад мавриди суистифода қарор гирад. Фарз кунед ДОЪИШ бо ин рамз чӣ хоҳад кард? Бинобар ин, шумо бояд ба фикри контроли таслиҳот бошед.
Агар нигарон ҳастед, ки ҳуши маснуӣ боиси нақзи ҳарими хусусӣ, табъиз ва тафриқа шавад, ҳамон гуна, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ин корро анҷом медиҳанд, шумо ниёзманди танзими қавонин ҳастед.
Агар мехоҳед аз тамоми дастовардҳои баҳраварӣ аз ҳуши маснуӣ истифода кунед, бояд бар эҷоди фурсатҳо ва шабакаҳои эминии ҷадид барои тамоми ҳуқуқдонон, муҳаққиқон, мушовирони молӣ, мутарҷимон ва вакилон ва ғайра, ки ҳуши маснуӣ метавонад ҷойгузинашон шавад, тамаркуз намоед. Агар нигарон ҳастед, ки ҳуши маснуӣ фавқи ҳушманд хоҳад шуд ва бидуни дар назар гирифтани осебҳои инсонӣ шурӯъ ба таърифи аҳдофи худ мекунад, тасмим ба таваққуфи фаврии он хоҳед гирифт.
Ҷефри Ҳинтон, яке аз тарроҳони пешгоми ҳуши маснуӣ, ахиран эълом кард, ки гурӯҳи пажӯҳишии Google-ро тарк мекунад, чаро ки қасд дошт озодона дар бораи тамоми хатароти он сӯҳбат кунад.
Мо ба унвони як ҷомеа дар остонаи тасмимгирӣ дар мавриди бархе мубодилоти бисёр бузург қарор дорем, зеро ҳуши маснуии тавлидкунандаро муаррифӣ мекунем ва сирфан муқаррароти давлатӣ моро наҷот нахоҳанд дод.
Ман як қонуни содда дорам: ҳар чи суръати тағйир сареътар бошад ва қудратҳои Худогунаи мо инсонҳо бештар шавад, ҳар чизи қадимӣ ва кунд аҳамияти бештаре пайдо мекунад.
Ҳар чи ҳуши маснуиро густариш медиҳем, ба ин қонуни тиллоӣ бештар ниёз хоҳем дошт: бо дигарон ба гунае рафтор кунед, ки дӯст доред дигарон бо шумо рафтор кунанд. Аз он ҷо, ки бо таваҷҷӯҳ ба қудратҳои фазояндаи Худогунае, ки ба худ эъто мекунем, акнун ҳамагиамон метавонем сареътар, арзонтар ва амиқтар аз қабл бо якдигар рафтор кунем.
Дар мавриди сандуқи Пандораи обуҳавоӣ, ки дар ҳоли боз кардани он ҳастем низ вазъият ин гуна аст. Ҳамон тавр, ки НАСА дар вебсайти худ тавзеҳ медиҳад: ”дар 800 000 соли гузашта ҳашт чарха асри яхбандон ва давраҳои гармтар вуҷуд доштааст”.
Охирин асри яхбандон ҳудуди 11 700 сол пеш ба поён расид ва ҷойи худро ба асри обуҳавои кунунии мо маъруф ба Holocene дод, ки бо фаслҳои пойдор мушаххас мешуд, ки имкони кишоварзии пойдор, сохти ҷомеаҳои инсонӣ ва дар ниҳоят тамаддунро фароҳам мекард, ҳамон гуна, ки имрӯз мешиносем.
НАСА хотирнишон месозад, ки бахши умдаи ин тағйироти обуҳавоӣ ба тағйироти бисёр кучак дар мадори замин нисбат дода мешавад, ки мизони энержии хуршедии дарёфтии сайёраи моро тағйир медиҳад. Хуб, беҳтар аст бо он истидлол худоҳофизӣ кунед! Дар ҳоли ҳозир баҳси шадиде дар ҷараён аст, ки оё мо инсонҳо худро аз Holocene берун рондаем ва вориди асри ҷадиде ба номи Anthropocene шудаем ё хайр.
Мақолае мунташир шуда дар маҷаллаи Smithsonian, ки нишон медиҳад, номи Anthropocene аз ду бахши Anthropo барои “инсон” ва Cene барои “ҷадид” гирифта шуда, зеро навъи башар боиси инқирози дастаҷамъии гунаҳои гиёҳӣ ва ҷонварӣ, олуда шудани уқёнусҳо ва тағйири фазо ва соири асароти мондагор шудааст.
Донишмандони системи замин метарсанд, ки Anthropocene аз ҳеч як аз фаслҳо бархӯрдор набошад. Дар натиҷа, кишоварзӣ метавонад ба як кобус табдил шавад. Бо ин вуҷуд, ин ҷо ҷойе аст, ки ҳуши маснуӣ метавонад ноҷии мо бошад. Тасреъи пешрафтҳо дар илми маводд, энержии ҳамҷӯшӣ ва энержии ҳастаӣ инсонҳоро қодир месозанд, то таъсироти тағйироти обуҳавоиро, ки акнун иҷтинобнопазир ҳастанд, мудирият кунанд ва аз он даста аз таъсиротм тағйиротм обуҳавоӣ, ки ғайри қобили мудирият мебошанд иҷтиноб варзанд.
Бо ин вуҷуд, агар ҳуши маснуӣ роҳе дар ихтиёрамон қарор медиҳад, то бадтарин асароти тағйири обуҳавоиро коҳиш диҳем, агар ҳуши маснуӣ дар воқеъ ба мо ин иҷозаро медиҳад, беҳтар аст ин корро дуруст анҷом диҳем.
Дар ниҳоят он ки бояд бигӯям ду сандуқи Пандорае, ки ба он ишора кардам дар ҳоли боз шудан ҳастанд. Худоё агар барои шикофтани дарёи Сурх қудратҳои Худогуна ба даст овардаем, аммо даҳ фармонро риоят накардаем, моро наҷот бидеҳ!”
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эътирози мусалмонони Ҳинд нисбат ба як филми ҷадид
Инфиҷор дар Киев

Матолиби пурбоздид