Музокироти оташбас бе натиҷа ба поён расид

Музокироти оташбас бе натиҷа ба поён расид

Ахбори байналмилал

Farsnews

Манобеи мисрӣ ба пойгоҳи Алъарабӣ ал-ҷадид гуфтанд, ки музокирот миёни Ҳамос ва миёнҷиҳо шомгоҳи шанбе бидуни ҳусули натиҷае ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеи мисрӣ шомгоҳи шанбе ба пойгоҳи Алъарабӣ ал-ҷадид (наздик ба Қатар) гуфтанд, ки музокироти Ҳамос ва миёнҷигарон бидуни ҳусули натиҷаи ниҳоӣ ба поён расид.

Ба гуфтаи ин манобеъ, нишастҳои гуфтугӯ байни Ҳамос ва миёнҷиҳо (якшанбе) идома дошт ва Ҳамос суолоте дорад, ки мехоҳад ба онҳо посух дода шавад; ва ин бо ҳамоҳангии ҳамаи тарафҳо анҷом мешавад.

Ин манобеъ ҳамчунин таъкид карданд, изҳороти манфии Исроил бар раванди гуфтугӯҳои ҷорӣ дар Қоҳира таъсире нахоҳад дошт.

Аз сӯйи дигар, шабакаи Алмаёдин низ ба нақл аз манобеъи аршади фаластинӣ гузориш дод, ки музокирот ба далели мухолифати режими Исроил бо оташбаси доимӣ бо монеъи бузурге мувоҷеҳ шудааст.

Печида шудани раванди музокироти оташбас дар ҳоле аст, ки соатҳое пеш манобеъи мисрӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи исроилии “Кан” нисбат ба ҳусули натиҷа ибрози умедворӣ карда буданд.

Манобеи мисрӣ гуфта буданд, ки натиҷаи музокироти имрӯз бо рӯзҳои дигар тафовут хоҳад дошт ва тарафҳо дар хусуси умдаи масоил ба тавофуқ расида ва танҳо чанд мавзӯъ боқӣ мондааст.

Шабакаи саудии Ашшарқ низ зуҳри дирӯз (шанбе) ба нақл аз манобеи худ тавофуқи оташбас дар Ғазза ва табодули асиронро қарибулвуқӯъ дониста буд.

Ин манбаъ навишт: “Тавофуқ миёни Ҳамос ва Исроил қарибулвуқӯъ аст; агар мавонеъи ҷадиде эҷод нашавад.”

Ашшарқ мегӯяд, Вошингтун замонатҳои лозимро аз тариқи миёнҷигарон барои таваққуфи ҷанг ва хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза додааст. Ба гуфтаи ин расонаи саудӣ, тавофуқ дастикам дар се марҳила анҷом хоҳад шуд ва Омрико барои анҷоми ин тавофуқ замонат додааст.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пешниҳодоти Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ
Абдулборӣ Атвон: Чаро режими саҳюнистӣ ба ҳамалоти яманиҳо посухе намедиҳад?

Матолиби пурбоздид