Мулоқоти расмии Путин ва Пизишкиён
Ахбори байналмилал
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидори Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфт: “Теҳрон ва Маскав дар масоили ҳассоси байналмилалӣ аз ҷумла мавзӯи ҳастаии Эрон, дар тамоси наздик ва танготанг бо якдигар ҳастанд ва мо аз Эрон ҳимоят мекунем”.
Путин таъкид кард: “Русия ва Эрон дар ҳоли музокира дар бахши гозу барқ ҳастанд ва ҳамкориҳое дар заминаи интиқоли энержӣ анҷом хоҳад шуд. Равобит байни 2 кишвар ҳар рӯз дар ҳоли густариш аст; тавсиаи каридори шимол-ҷануб ва афзоиши ҳамкорӣ дар нерӯгоҳи Бушеҳрро дар пеш дорем”.
Вай ба Пизишкён гуфт: “Саломи гарми маро ба раҳбари муаззами Эрон бирасонед”.
qalamonline.net
Қаламонлайн













