Муртазо Мутаҳҳарӣ кӣ буд?
Ба муносибати солгарди шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Рӯзи муаллим
Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, мутафаккир ва муҷтаҳид, файласуф, мутакаллим, муфассир ва аз назарияпардозони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар 11 урдибиҳишти 1358 (1 майи 1979) ба шаҳодат расидааст.
Муттаҳарӣ қабл аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, устоди Донишгоҳи Теҳрон буд. Имом Хумайнӣ, поягузори Инқилоби Исломӣ, алоқаи зиёде ба вай дошт, то бад-он ҷо, ки баъд аз шаҳодаташ гуфт: “Мутаҳҳарӣ пораи тани ислом ва ҳосили умри ман буд.” Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Мутаҳҳарӣ ба унвони “Муаллими шаҳид” ёд мешавад.
Зиндагинома
Муртазо Мутаҳҳарӣ дар 13 баҳмани 1298 (3 феврали 1920) дар шаҳри Фаримони Машҳад дар хонаводае руҳонӣ зода шуд. Мутаҳҳарӣ дар кӯдакӣ барои фарогирии дуруси ибтидоӣ ба мактабхона ва сипас дар синни 12-солагӣ ба ҳавзаи илмияи Машҳад рафт ва ба таҳсили муқаддамоти улуми исломӣ пардохт. Дар соли 1316 (1938) барои такмили таҳсилоти худ озими ҳавзаи илмияи Қум шуд.
Мутаҳҳарӣ назди Оятуллоҳ Садуқӣ китоби “Мутаввал”-ро фаро гирифт ва назди Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ “Шарҳи Лумъа”-ро омӯхт. Дар давраи иқомати 15-солаи худ дар Қум, аз Оятуллоҳ Буруҷердӣ (дар фиқҳ ва усул) ва Имом Хумайнӣ (ба муддати 12 сол дар фалсафа ва усул) ва Аллома Таботабоӣ (дар фалсафа, Шифои Бӯалӣ ва дуруси дигар) баҳра гирифт. Вай муддате низ аз дарсу баҳси ахлоқи Мирзоалӣ Оқо Шерозӣ баҳра бурд. Оятуллоҳ Сайидмуҳаммади Ҳуҷҷат (дар усул) ва Оятуллоҳ Сайидмуҳаммад Муҳаққиқи Домод (дар фиқҳ), аз асотиди дигари Муртазо Мутаҳҳарӣ буданд.
Мутаҳҳарӣ дар муддати иқомати худ дар Қум, илова бар таҳсили илм, дар умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мушорикат дошт ва аз ҷумла бо “Фидоиёни Ислом” дар иртибот будааст.
Муртазо Мутаҳҳарӣ дар соли 1331 (1953) аз Қум ба Теҳрон муҳоҷират кард ва дар ин шаҳр ба тадрис дар мадрасаи Марвӣ ва таълиф ва суханрониҳои таҳқиқӣ пардохт. Дар соли 1334 (1956), аввалин ҷаласаи тафсир барои Анҷумани исломии донишҷӯён тавассути Мутаҳҳарӣ ташкил ва дар ҳамон сол тадриси худро дар Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Донишгоҳи Теҳрон оғоз кард. Дар солҳои 1337 ва 1338 (1959 ва 1960) ва пас аз ташкили Анҷумани исломии пизишкон, Мутаҳҳарӣ ба яке аз суханронони аслии ин анҷуман табдил гашт. Вай дар тӯли солҳои 1340 то 1350 (1962 то 1972) суханрони ин анҷуман буд.
Шаҳодат
Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ дар шомгоҳи рӯзи сешанбеи 11 урдибиҳишти 1358 (1 майи 1979) пас аз поёни ҷаласае дар манзили Ядуллоҳи Саҳобӣ ба ҳамроҳи гурӯҳе аз ёронаш, дар торикии шаб ва ҳангоми хуруҷ аз маҳалли ҷаласа, ҳадафи гулӯлаи яке аз афроди гурӯҳи “Фурқон” қарор гирифт ва пас аз интиқол ба бемористон даргузашт.
Фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ
Муртазо Мутаҳҳарӣ дар фаъолиятҳои сиёсӣ дар канори Имом Хумайнӣ буд, ба тавре ки метавон созмондиҳии қиёми 15 хурдоди 1342 (5 июни 1963) дар Теҳрон ва ҳамоҳангии он бо Имом Хумайниро марҳуни талошҳои ӯ ва ёронаш донист. Пас аз ташкили ҳайъатҳои мӯъталифаи исломӣ, Мутаҳҳарӣ аз сӯи Имом Хумайнӣ ба ҳамроҳи чанд тани дигар аз шахсиятҳо ӯҳдадори раҳбарии ин ҳайъатҳо гашт.
Мутаҳҳарӣ ҳамзамон бо фаъолиятҳои сиёсӣ, ба таълифи китобҳо дар мавзӯъҳое, ки вай мавриди ниёзи ҷомеа мепиндошт ва эроди суханронӣ дар донишгоҳҳо, анҷуманҳои исломӣ, наҳзати исломии пизишкон ва масоҷид идома дод.
Таблиғ барои оворагони фаластинӣ
Дар соли 1348 (1969) ба хотири судури эъломияе бо имзои вай ва Аллома Таботабоӣ мабнӣ бар ҷамъи кӯмакҳо барои кӯмак ба оворагони фаластинӣ ва эъломи он тайи як суханронии зидди исроилӣ, тавассути пулиси шоҳ дастгир шуд ва муддати кӯтоҳе дар зиндон ба сар бурд.
Пас аз озодӣ, Мутаҳҳарӣ суханрониҳои худро дар масҷиди “Ҷовид” ва масҷиди “Арк” ва ғайра эрод мекард. Дар ҳудуди соли 1353 (1974) аз суханронӣ дар масҷидҳо мамнӯъ гардид ва ин мамнӯият то пирӯзии Инқилоби Исломӣ идома дошт.
Мутаҳҳарӣ ва мубориза бо “илтиқот”
Аз муҳимтарин фаъолиятҳои ӯ, ироаи идеулужии исломӣ аз тариқи тадрис ва суханронӣ ва таълифи китобҳои мутаъаддид аст. Ба бовари Мутаҳҳарӣ, аҳаммияти ингуна фаъолияти фарҳангӣ ба вижа дар солҳои 1351 то 1357 (1972 то 1978), ба хотири афзоиши таблиғоти гурӯҳҳои чап ва падид омадани гурӯҳҳои мусалмони чапгаро – ки Мутаҳҳарӣ онро падидаи “илтиқот” меномид – ба авҷи худ расид. Гузашта аз Имом Хумайнӣ, Мутаҳҳарӣ низ дигаронро аз ҳамкорӣ бо созмони “Муҷоҳидини халқи Эрон” барҳараз медошт. Дар ин солҳо Мутаҳҳарӣ ба тавсияи Имом Хумайнӣ ҳафтае ду рӯз барои тадрис ба Қум мерафт ва ҳамзамон дар Теҳрон низ ба тадрис дар манзил идома медод.
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ
Алорағми ихтилофи назарҳои фаровони Мутаҳҳарӣ ва Шариатӣ ба хусус дар солҳои поёнии ҳукумати Паҳлавӣ, ҳар дуи онҳо аз шахсиятҳои муассири пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буданд.
— Мутаҳҳарӣ бар хилофи касоне чун Аҳмади Фардид — ки фалсафаи исломиро зотан юнонӣ медонанд — барои фалсафаи исломӣ асолати хоссе қоил аст. Аз ин рӯй, на танҳо монанди Фардид ва асҳоби Мактаби Тафкик, фалсафаи исломиро муғойир бо андешаи асили исломӣ намедонад, балки ҳатто дар решаёбии он ба мутуни динӣ низ руҷӯъ мекунад.
— Мутаҳҳарӣ дар нақди маърифатшиносии Морксизм мӯътақид буд, ки идрок амре моддӣ нест ва мағз фақат як абзор аст ва амали идрок ба василаи руҳи ғайри моддӣ сурат мегирад. Ӯ ҳамчунин мӯътақид буд, ки пули иртиботӣ миёни зеҳн ва хориҷ моҳият аст ва мафоҳими зеҳнӣ осори масодиқи хориҷиро надоранд. Ба таври мисол, агар ҷисми хориҷӣ дорои ҳаракат аст, ниёзе нест, ки сурати зеҳнии он ҳам мутаҳаррик бошад. Ҳаракат лозимаи вуҷуди хориҷӣ аст, на вуҷуди зеҳнӣ.
— Масъалаи ақибмондагии ҷомеаҳои мусалмон, аз дағдағаҳои фикрии Мутаҳҳарӣ буд, ки солҳо ӯро ба худ машғул кард. Мутаҳҳарӣ назарияеро, ки иллати инҳитоти тамаддунҳоро ҳамон иллатҳои эҷоди он медонад-ро мавриди қабул намедонад. Ба ақидаи ӯ, яке аз авомили инҳитоти мусалмонон, фаҳми ғалати онҳо аз дин аст.
Осор ва китобҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ
– Ойинаи ҷом
– Ахлоқи ҷинсӣ дар ислом ва ҷаҳони ғарб
– Озодии маънавӣ
– Ислом ва муқтазаёти замон (2 ҷилд)
– Ошноӣ бо улуми исломӣ (3 ҷилд: мантиқ ва фалсафа, калом ва ирфон ва ҳикмат амалӣ, усули фиқҳ ва фиқҳ)
– Ошноӣ бо Қуръон (14 ҷилд)
– Шарҳи усули фалсафа ва равиши реализми Аллома Таботабоӣ (5 ҷилд)
– Имомат ва раҳбарӣ
– Имдодҳои ғайбӣ дар зиндагии башар
– Инсон дар Қуръон
– Инсони комил
– Инсон ва имон
– Инсон ва сарнавишт
– Бист гуфтор
– Посухҳои устод ба нақдҳои китоби “Масъалаи ҳиҷоб»
– Паёмбари уммӣ
– Ояндаи Инқилоби Исломӣ
– Таълим ва тарбият дар ислом
– Такомули иҷтимоии инсон
– Тавҳид
– Ҷозиба ва дофеъаи Алӣ (а)
– Ҷомеа ва таърих
– Ҷиҳод
– Ҷаҳонбинии тавҳидӣ
– Ҳаракат ва замон дар фалсафаи исломӣ (2 ҷилд)
– Ҳақ ва ботил
– Ҳикматҳо ва андарзҳо
– Ҳамосаи ҳусайнӣ (2 ҷилд)
– Хотамият
– Хатми нубувват
– Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон
– Достони ростон (2 ҷилд)
– Дарсҳои илоҳиёти Шифои Бӯалӣ (2 ҷилд)
– Даҳ гуфтор
– Зиндагии ҷовид ё ҳаёти ухравӣ
– Сайре дар сираи набавӣ
– Сайре дар Наҳҷул-балоға
– Шарҳи мабсути Манзума (4 ҷилд)
– Шарҳи Манзума (2 ҷилд)
– Шаш мақола (Ваҳдати исломӣ)
– Шаш мақола (Ҷаҳонбинии илоҳӣ ва ҷаҳонбинии моддӣ)
– Адли илоҳӣ
– Ирфони Ҳофиз
– Илали гаройиш ба моддигарӣ (ба замимаи материализм дар Эрон)
– Фитрат
– Фалсафаи ахлоқ
– Фалсафаи таърих (2 ҷилд)
– Масъалаи ҳиҷоб
– Масъалаи рибо (ба замимаи бонк ва бима)
– Масъалаи шинохт
– Маъод
– Мақолоти фалсафӣ (3 ҷилд)
– Нубувват
– Низоми ҳуқуқи зан дар ислом
– Назаре ба низоми иқтисодии ислом
– Нақде бар марксизм
– Наҳзатҳои исломии сад солаи ахир
– Ваҳй ва нубувват
– Валоҳо ва вилоятҳо
– Муқаддимае бар ҷаҳонбинии исломӣ
Руҳаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: