Сиёсати Искандар дар баробари эрониён

Таърих

Сиёсати Искандар дар баробари эрониён

Торих

Искандари Мақдунӣ пеш аз ҳамла ба Эрон дармонда буд ва аз худ мепурсид, ки чӣ гуна бояд бар мардуме, ки аз мардуми ман бештар мефаҳманд ҳукумат кунам?

Яке аз мушовиронаш гуфт:

— Китобҳояшонро бисӯзон, бузургону хирадмандонашонро бикуш ва дастур бидеҳ, ба занонашон таҷовуз кунанд.

Аммо яке дигар аз мушовиронаш гуфт:

— Ниёзе ба чунин коре нест. Аз миёни мардуми он сарзамин онҳоеро, ки намефаҳманд ва камсаводанд, ба корҳои бузург бигумор ва аммо онҳоеро, ки мефаҳманд ва босаводанд, ба корҳои кучаку паст. Бесаводҳо ва нафаҳмҳо ҳамеша шукргузори ту хоҳанд буд ва ҳеч гоҳ тавоноии туғён нахоҳанд дошт. Фаҳмидаҳо ва босаводҳо ҳам, ё аз кор хаста мешаванд ва маҷоле барои фикр кардан пайдо намекунанд ва ё ба сарзаминҳои дигар кӯч хоҳанд кард.

Ва аммо Искандар ба ҳар ду гӯш дод ва дар мавриди мардуми Эронзамин тибқи пешниҳоди ҳар ду амал кард.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пирӯзии донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқоти илмии байналмилалӣ
Хуҷанд мизбони меҳмонони эронӣ

Матолиби пурбоздид