Муҳаббат ва озодӣ – зинати инсон
Суханони бузургон дар бораи озодӣ
“Зинати инсон дар се чиз аст: илм, муҳаббат ва озодӣ”. (Афлотун)
* * *
“Мақом нест, ки инсонро месозад, балки инсон аст, ки мақомро месозад. Барда метавонад марди озоде бошад, ҷаббор ва худкома ҳам метавонад барда бошад. Ин худи моем, ки мақом ва мавқеиятро паст ё олӣ месозем”. (Ф.У.Робертсун)
***
“Озодӣ чизе аст шабеҳи саломатӣ; то замоне ки ин дуро аз даст надиҳем, қадрашро намедонем”. (Волтер)
* * *
“Офаридгор ҳатто ба ҳайвоноти забонбаста ҳам озодӣ бахшидааст”.
* * *
“Давлатмарде, ки мегӯяд, мардумро фақат замоне метавон озод гузошт, ки барои озодӣ ва демукросӣ омода бошад, чунин давлатмарде ҳамеша саъю талошаш ин мешавад, ки мардумро аз огоҳӣ дур нигаҳ бидорад; зеро ин кор, бақои ӯро бар сари қудрат тазмин мекунад…”
Қаламонлайн
qalamonline.net













