Оятуллоҳ Хоманаӣ: Хатарноктар аз нови омрикоӣ, силоҳе аст, ки метавонад онро ба қаъри дарё бифиристад

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Хатарноктар аз нови омрикоӣ, силоҳе аст, ки метавонад онро ба қаъри дарё бифиристад

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Хатарноктар аз нови омрикоӣ, силоҳе аст, ки метавонад онро ба қаъри дарё бифиристад”

Ба гузориши хабаргузории Форс

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, (сешанбе) бо ҷамъе аз мардуми Табрез дидор кард. Вай дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Раисиҷумҳури Омрико мураттаб мегӯяд, ки артиши мо қавитарин артиши дунёст. Қавитарин артиши дунё мумкин аст гоҳе он чунон силӣ бихӯрад, ки аз ҷой натавонад баланд шавад. Мудом мегӯянд, мо нов фиристодем тарафи Эрон. Хеле хуб, нов албата як дастгоҳи хатарноке аст, аммо хатарноктар аз нов, он силоҳе аст, ки метавонад ин новро ба қаъри дарё фурӯ бибарад”.

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд:

“Раиси ҷумҳури Омрико дар яке аз сӯҳбатҳои ахираш гуфта, ки 47 сол аст, ки Омрико натавониста Ҷумҳурии Исломиро аз байн бибарад; шикоят карда ба мардуми худаш. 47 сол аст, ки Омрико натавониста Ҷумҳурии Исломиро аз байн бибарад. Ин эътирофи хубе аст. Банда мегӯям, ту ҳам нахоҳӣ тавонист ин корро бикунӣ”.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Мо доғдор ва азодори хунҳои рехташуда дар фитнаи деймоҳ ҳастем”
Ашки саҳари мо

Матолиби пурбоздид