Муҳаммадҷон Шакурӣ: Инқилоби Бухоро фоҷиа буд

Таърих

 

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Инқилоби Бухоро фоҷиа буд

Агарчӣ таърихшинос ва мутахассиси таърихи инқилоб нестам, вале азбакси бо адабиёти ҳамин давраи қарни бист, бо адабиёти шӯравии тоҷикӣ машғул будам, дар бораи инқилоби Бухоро маводи зиёде ба даст овардам ва лозим донистам, ки ин китобро (Фитнаи инқилоби Бухоро) нависам.

Ақидаи ман дар бораи инқилоби Бухоро хилофи он ақидаҳоест, ки то ин вақт дар байни мо вуҷуд дошт.

Мо чанд вақт боз медонем, ки инқилоби Бухоро инқилоб набуд. Таҷовуз буд, ишғолгарӣ буд.

Ин инқилоби пантуркистӣ буд.

Пантуркизми болшевикӣ дар солҳои аввали инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Ва ин пантуркизм ба сари халқи тоҷик фоҷиаҳоеро овард, ки мо аз он тамоман бехабар ҳастем.

Ман андак-андак фоҷиаҳои таърихиеро, ки ба сари мо инқилоб овард, дар ин китоб тасвир кардам. Акнун намедонам, мутахассисон дар ин бора чӣ мегӯянд…

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худбохтагӣ ва худкамбинӣ
Назарияи «замин даври хуршед мечархад» аввалин бор кай матраҳ шуд?

Матолиби пурбоздид