Назмии Истаравшанӣ

Таърих
Назмии Истаравшанӣ
Сайидмаҳмудхон мутахаллис ба Назмии Истаравшанӣ ва машҳур ба Қозӣ Сайидмаҳмудхон, фақеҳ, донишманд ва шоир ва қозӣ ва падари Зуфархони Ҷавҳарӣ, дар соли 1840 дар гузари Намозгоҳи шаҳри Истаравшан (Ӯротеппаи собиқ) дар хонаводаи шоир Сайидмақсудхон (мутахаллис ба Олӣ) зода шудааст. Сайидмаҳмудхон илмҳои сарфу наҳв, калом, мантиқ, ҳикмат ва забони арабиро назди падари хеш омӯхт. Баъд, таҳсили худро дар мадрасаи Кӯкалдоши Бухоро дар назди охунд Сайидолимхоҷаи Ҳотифӣ (аз Истаравшан) ва низ асотиди дигар идома дод.
Сайидмаҳмудхон, ки баъд аз хатми мадраса ҳамчун фарде фозилу донишманд дар Бухоро шинохта шуда буд, дар Истаравшан қозӣ таъйин гардид ва ҳамзамон дар мадрасаи ҳамин шаҳр тадрис мекард ва шогирдони зиёде дар назди ӯ таламмуз мекарданд.
Ба навиштаи Сайидумар Султон, муҳаққиқ ва пажӯҳишгар ва аз наздикони Назмӣ, тазкиранависи машҳур Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам, ба фазлу дониши Назмӣ эътироф ва дар китоби худ ғазале аз Назмӣ овардааст.
Назмӣ дар 66-солагӣ чашм аз олам пӯшидааст, қабри шарифи ӯ дар мазори Махдумони Истаравшан, дар назди оромгоҳи падараш Сайидмақсудхони Олӣ воқеъ аст.
Ба гуфтаи Сайидумар Султон, “Назмӣ шоири соҳибдевон аст. Девони ӯ ғазал, мухаммас, рубоъӣ, қитъа, мустазод ва дигар намудҳои шеъриро дарбар мегирад. Назмӣ дар пайравии Бедил шеър мегӯяд. Назмӣ аслан шоири ғазалсарост. Ғазалҳояш ширину намакин ва мазмунан бикру бисёр шавқовар мебошанд.” Ашъори ӯ дар бештари тазкираҳо ва низ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” низ оварда шуда, ки инак чанд намуна меоварам: (1)
Дӣ саҳар шакли ту дар чашми мани зор омад,
Гуфт, бархез туро давлати бедор омад.
Оразе дидамаш аз хулди барин рангинтар,
Нури ӯро зи маҳу меҳр басе ор омад.
Қомате дидам аз он сарви сиҳӣ по дар гил,
Оҳи сарде зи дили олами асрор омад.
Ҷастам аз ҷою намудам ба сад икром қиём,
Гуфтам, эй ҷон, чӣ гул аст ин, ба сари хор омад.
Гуфт, ин хок бувад, дона чӣ имкон бошад,
Ки ба бедор чунин шакл падидор омад.
Чунки бедор шудам, ҳеч надидам ман аз ӯ,
Хун гиристам, ки ба ман раҳми хасу хор омад.
Назмиё, гӯй, ки шеъри намакин пиндорам,
Намакин лаълаш аз ин назм ба гуфтор омад.
* * *
Дар сар ҳавоят, дар дида ҷоят,
Тан хоки поят, ҷонам фидоят.
Қудсисириштӣ, ораз биҳиштӣ,
Аз дасти ҳастӣ, расми фидоят.
Тӯтитакаллум, ширинтабассум,
Мақбули мардум гуфторҳоят.
Юсуфҷамоле, бас бемисоле,
Кас нест холӣ аз ҳую ҳоят.
Назмӣ ғуломат, хушдил ба номат,
Шавқи паёмат дорад ба ғоят.
* * *
Илоҳӣ бахти ту бедор бодо,
Туро давлат ҳамеша ёр бодо.
Гули иқболи ту доим шукуфта,
Ба чашми душманонат хор бодо.
* * *
Аз ту як инсоф ояд дар вуҷуд,
Беҳ, ки умре дар рукӯъву дар суҷуд.
* * *
Эй зи номат мусҳафи некӯӣ унвон ёфта,
Нусхаи дилҷӯй аз ҳарфи ту сомон ёфта.
Фарду байти ҳусн дар аҳди ту девон ёфта,
Ғунчадил аз файзи ту садҳо гулистон ёфта.
Ин тани фарсуда аз нутқи хушат ҷон ёфта,
Гулшани ҳуснат фусуни сад чаман эҷод кард,
Гулбуни қаддат гулистони ҷаҳон обод кард,
Кист дар аҳдат назар бар сарв ё шамшод кард.
Қадди дилҷӯят зи фикри он ҳама озод кард,
Пеши рӯят дил баҳои хеш арзон ёфта.
Дар таманнои висолат меҳри анвар гармрав,
Чарх аз гирди сарат гардидан ояд тезрав.
Пеши рухсорат бувад қурси қамар чун қурси ҷав,
Сад ҷаҳон ҷон баҳри як наззораат шуд дар гарав,
Исми олам чун ту ҷонеро на осон ёфта.
Эй баҳори рангу бӯ назри таҳи пироҳанат.
Ҷони муштоқон фидои гард-гарди доманат,
Кай бувад нармӣ падид аз он дили чун оҳанат,
Мо асири сурмагун чашму баёзи гарданат,
Ҳосили рӯзу шаби саҳрои имкон ёфта,
Эй фузун аз ҳад тақаррузи замон зебоият.
Хома то ҳарфи туро бинвишт, шуд савдоият,
Нест мумкин шарҳи рӯҳафзои беоромият,
Кист Назмӣ ин ки орад дар қалам раъноият,
Гар на файз аз суҳбати поки ту осон ёфта.
* * *
(1) Аз таҳқиқот ва пажӯҳишҳои марҳум Сайидумар Султон истифода шудааст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиндагиномаи Бӯалӣ Сино – II
Назарияпардози саҳюнистӣ: Барои Исроил, иттиҳоди Эрон ва Арабистон фоҷеабор хоҳад буд

Матолиби пурбоздид